19-уми май соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабинии анъанавии варзишии «Дави миллӣ» баргузор шуд. Дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд бошад, ин чорабинӣ бо иштироки роҳбарияти вилоят ва беш аз 1000 нафар дӯстдорони варзишу пайравони тарзи ҳаёти солим барпо гардид.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози суханронӣ иброз дошт, ки «Чорабинии мазкур имрӯз дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон дар саросари кишварамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузор мегардад, ки басо рамзист, зеро варзиш гарави саломатӣ ва қосиди сулҳу субот аст».
Дави миллӣ ин навбат аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ оғоз гардида, тавассути пули «Ҷашнӣ» то майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев идома ёфт.
Чорабинӣ дар майдони Парчами давлатӣ ҷамъбаст ва ба ғолибону иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
М. МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»