Карнавали бошукӯҳи Душанбе-90

№123 (3269) 21.10.2014

11

Нуздаҳуми октябри соли ҷорӣ дар боғи Наврӯзгоҳи пойтахт ба истиқболи солгарди 90-уми шаҳри Душанбе карнавали бошукӯҳи идона баргузор шуд, ки дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти мақомоти олии қонунгузор ва ҳокимияти  иҷроияи Тоҷикистон, меҳмонони сершумор аз дохилу хориҷи мамлакат ва сокинони бешумори Душанбешаҳри нозанин иштирок намуданд.

10714220_726628774073978_2221795189345674668_o

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар майдони Нишони давлатии Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва аҳли ҷамоаи пойтахт бо шукӯҳи хоса ва шукргузории самимӣ аз фазои орому осуда ва ободию сарсабзии Ватани азизамон истиқбол гирифтанд.

Барои карнавали идона бахшида ба солгарди 90-уми шаҳри дилорои Душанбе аз майдони Нишони давлатии Тоҷикистон то боғи зебои Наврӯзгоҳ ҳама ҷо идона ороста шуда буд.

Таҳиягарону ташкилкунандагони ин тантанаи бузург саҳни шаршараи боғи Наврӯзгоҳро макони марказии карнавали идона интихоб намуда, онро хеле зебо ороста буданд.

Дар барномаи бошукӯҳи карнавали идона устодони санъату фарҳанг аз театрҳои касбӣ, дастаҳои гуногуни ҳунарӣ, сарояндагону навозандагони шинохта ва ҳам гулғунчаҳои наврӯидаи санъати тоҷик иштирок намуда, фазои бошукӯҳи идона ба миён оварданд.

Аз чеҳраҳои хандону шукуфон ва дилхушии иштирокдорону бинандагони ин тантанаи бузург ҳувайдо буд, ки ин карнавали шукӯҳманди хотирмон дар хотири кулли онҳо то дер нақш хоҳад баст.

www.president.tj