«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд

№ 27.05.2024

Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Аз миёни 479 нафар довталабон ҳакамон ба 120 нафар роҳхати ширкат ба даври вилоятиро сазовор донистанд.  

Даври ноҳиявии озмун дар қасри фарҳанги ноҳия се рӯз идома ёфт.

Зимни суҳбат директори муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия Моҳира Шолчаева гуфт, ки даври мактабии озмуни мазкур дар сатҳи баланд баргузор шуда, баробар бо муассисаҳои таълимии маркази ноҳия хонандагони мактабҳои деҳоти дурдаст низ ширкати фаъол доштанд. Дар даври муассисавии озмун зиёда аз 2000 нафар хонандагон ширкат доштанд, ки 1693 нафарашон духтарон буданд, Аз ин шумора 479 нафар хонандагон (311 нафар духтарон)  ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

Маврид ба таъкид аст, ки бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маориф ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Дар баробари китобхонаи марказӣ китобдорони китобхонаҳои деҳот ва муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон тавонистанд адабиёти тавсияшударо ба довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сари вақт дастрас намоянд.

Дар идомаи суҳбат Моҳира Шолчаева афзуд: «Тӯли чанд соле, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад, дастовардҳо дар ноҳияи Ёвон хеле зиёд ба чашм мерасад. То ин дам шаш дастовард аз ҳама номинатсияҳо ба даст омада, ғолибони  озмуни мазкур бо муассисаи таҳсилоти иловагӣ ҳамкории зич доранд ва мо хонандагонро барои ширкати фаъол дар озмуни минбаъда омода месозем».

Аъзои ҳакамон ба баромади ҳар довталаб тибқи талаботи низомномаи озмун баҳогузорӣ намуда, беҳтарин хонандагонро ҷиҳати ширкат дар даври вилоятӣ интихоб намуданд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»