Бистучоруми майи соли равон сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти хабарӣ баргузор намуда, ба мардуми тоҷик барои ибрози ҳамдардӣ ва тасаллият нисбати даргузашти фоҷиавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш изҳори миннатдорӣ баён кард.
- Пеш аз ҳама, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон барои арзи тасллият ба мардуми Эрон изҳори сипос мегӯям. Вазъияти бавуҷудомада бори дигар ба ҷаҳониён собит кард, ки мардуми Эрону Тоҷикистон дар ғаму шодии ҳамдигар шарик ҳастанд ва дар шароити сахт маҳкаму устувор дар канори ҳам истодаанд, — гуфт дар оғоз Алиризо Ҳақиқиён.
Сафир аз хизматҳои Сайидиброҳим Раисӣ дар густариши робитаҳои Эрону Тоҷикистон изҳори назар карда, таъкид намуд, ки Иброҳими Раисӣ ба мардуми Тоҷикистон бисёр алоқаманд буд ва аввалин сафари расмии хориҷии худро баъди Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуданаш маҳз ба Тоҷикистон анҷом дод ва баъди чанд моҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам пас аз 8 сол ба Теҳрон сафар карданд.
– Сайидиброҳим Раисӣ зимни дуввумин сафари худ ба Тоҷикистон он ҷумлаи таърихӣ, ки «Пешрафт ва амнияти Тоҷикистон пешрафт ва амнияти Эрон аст»-ро ошкорона ба дунё эълом кард ва ин ҷумла сарлавҳаи фаъолияти Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ин сафорат қарор гирифта, имрӯз ба унвони чароғи роҳи ҳамкориҳои ду кишвари бародару ҳамзабон мебошад, — иброз намуд Ҳақиқиён.
Зикр гардид, ки тайи се соли гузашта беш аз сад ҳайати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон мубодила шуда, беш аз 50 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорӣ, гардишгарӣ, фарҳангӣ ва илмӣ имзо шудааст. Ба таври куллӣ ҳаҷми мубодилоти иқтисодӣ байни Тоҷикистону Эрон аз 60 миллион доллар то ба 320 миллион доллар афзоиш ёфт. Дар ин муддат беш аз 100 ҳайати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни ду кишвари ҳамзабон табодул шудааст.
Сафир, инчунин, аз хизматҳои вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Амирабдуллоҳиён ёдовар шуда, зикр кард, ки ӯ низ дар густариши ҳамкориҳои ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дӯсту бародар нақши арзанда дошт. Баргузории се нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва ғайра, инчунин баргузории ду намоишгоҳи ихтисосӣ ва чандин ҳамоиши муштараки сармоягузорон ва корфармоёну тоҷирони ду кишвар гувоҳи ин гуфтаҳост.
Пас аз чандин соли танаффус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 дар шаҳрҳои Теҳрон, Шерозу Табрези Эрон баргузор шуд ва Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар ҳамон сол дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлобу Хуҷанд бо ҳузури ҷамъи зиёде аз аҳли ҳунару адаби ду кишвар доир гардид.
Соли гузашта Тоҷикистон ба унвони меҳмони махсуси Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон интихоб шуда, ҷамъе аз аҳли фарҳанг ва адаби Тоҷикистон барои боздид аз ин намоишгоҳ меҳмони Эрон буданд.
Бузургдошти ифтихороти фарҳангӣ ва адабии муштараки ду кишвар , монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ ва Ҳофиз дар рӯзномаи кории равобити фарҳангии ҳар ду кишвар қарор гирифт.
Дар поёни нишасти матбуотӣ Алиризо Ҳақиқиён таъкид кард, ки дар оянда низ масири ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо тақвият хоҳад ёфт.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»