Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи парламентӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баргузор гардид. Комиссия 14 масъала, аз ҷумла пешниҳоди сенаторҳои Қазоқистон дар бораи таҳияи қонуни намунавӣ «Дар бораи танзими ҳуқуқии мубориза бо хушунати хонаводагӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҷаласа таҳти раёсати раиси комиссияи мазкур, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид.
Вакилон, ҳамчунин, раиси Комиссияи доимии Шурои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба корҳои байналмилалӣ ва амнияти миллӣ Сергей Сиветс ва вакили Маҷлиси Ҷогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Сеидбек Атамбоевро муовинони раиси комиссия интихоб намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа доир ба лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи шартномаҳои нигаҳдорӣ», «Дар бораи шартномаҳои миёнаравӣ», «Дар бораи шартномаҳои шарикии одӣ», «Дар бораи шартномаҳои додани амвол барои истифода», «Дар бораи шартномаҳои иҷрои кор» низ табодули афкор намуданд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ