Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ
шаҳри Душанбе, 28-уми майи соли 2024
Ҳамдиёрони азиз!
Марзбонони ҷасури Ватан!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки шумо тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва хушбахтиву комёбиҳо орзумандам.
Мо имрӯз аз он ифтихор мекунем, ки неруҳои марзбони кишвар зодаи даврони истиқлоли Ватани маҳбубамон буда, ҳамчун сипари боэътимод марзу буми сарзамини аҷдодӣ, амнияти давлат ва осоиши ҷомеаро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ таъмин карда истодаанд.
Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат тайи ин солҳо ба масъалаи таҳкиму таъмини ҳамаҷонибаи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун рукни муҳимтарини Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат таваҷҷуҳ ва эътибори хоса дода, барои фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ ба ҳайати шахсӣ тадбирҳои бетаъхир андешида истодааст.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Қӯшунҳои сарҳадии мо ҳоло ба як сохтори ҳарбии аз лиҳози техникӣ муҷаҳҳазу муосир ва василаи боэътимодтарини ҳифзи хати сарҳадии кишвар табдил ёфтаанд.
Марзбонони шуҷоъ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ шабу рӯз дар сафи пеши ҳифзи дастовардҳои истиқлол, ваҳдати миллӣ, суботу амният ва зиндагии осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистон қарор доранд ва дар ин арсаи пурмасъулияту пурифтихор содиқона хизмат мекунанд.
Бори дигар кулли ҳамватанон ва хосатан генералҳо, афсарон, прапоршикҳо ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадиро бо ин ҷашни пуршукӯҳ самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, рӯҳи қавӣ ва дар иҷрои вазифаҳои муқаддасашон комёбӣ орзу менамоям.
Ҷашн муборак, марзбонони далер!