Агар зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳо ва дигар техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ба санади қонунгузорӣ пешбинӣ шавад, барои амалӣ намудани он лоиҳаи санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар шакли мукаммал ва номукаммал таҳия шуда, он бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Сипас, тибқи тартиби муқарраршуда дар мақоми олии қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷараёнҳои муқарраршудаи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро гузашта, дар нашрияҳои расмӣ интишор шуда, бо риояи тартиби муқарраршудаи муҳлати амали он татбиқ мегардад.
Бояд қайд кард, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, ҳама намуди қонунгузориро дар бар мегиранд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ ва санадҳои ҳуқуқӣ ҷудо мешаванд. Санадҳои қонунгузорӣ санадҳое мебошанд, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, бо истиснои дигар қонунҳо, онҳо дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ шуда, баъдан аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардида, дар нашрияҳои расмӣ интишор мешавад, ки тибқи муҳлати муқарраргардида мавриди амал қарор дода мешаванд. Ба онҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳо дохил мешаванд.
Санади меъёрии ҳуқуқии мукаммал дар марҳилаи интишор дар нашрияҳои расмӣ, ба монанди «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар ҷойгоҳи муқарраршуда пас аз номи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар дохили аломати қавс (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас, соли қабули он, пас аз он, агар нашрия ба қисмҳо ҷудо шуда бошад, ифода шуда, сипас рақам ва модда) ифода меёбанд. Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2022, №7, мод. 435). Ҳангоми интишор шудани санади меъёрии ҳуқуқии номукаммал дар нашрияи расмии зикршуда он бо модда муқаррар шуда, дар ҷойгоҳи муқарраршудаи санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пас аз номи он: (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сол, рақам ва моддаи муқарраршудаи санади меъёрии ҳуқуқии номукаммал илова карда мешавад) чунин ифода меёбад: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021, № 4, мод.193; соли 2022, №1,2-3, мод.15).
Тағйироту иловаҳои воридшаванда ба санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда бо ҳарфҳои сиёҳи баланд дар шакли электронӣ ва дар шакли коғазии нашрияҳои расмӣ мураттаб шуда, дар дохили аломати қавси пӯшида (Қонун, рӯз моҳ ва соли қабули он ва рақами тартибӣ) ифода меёбанд. Вақте санади меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав давраҳои муқарраршударо гузашта, мавриди амал қарор мегирад, дигар санадҳои номукаммале, ки доир ба он амал мекарданд, беэътибор дониста мешаванд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли электронӣ ва коғазӣ ба иттилои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонида шуда, онҳо метавонанд ба ҳама намуди муносибатҳои ҷамъиятӣ танзими худро расонанд. Ҳамин тавр, мувофиқи моддаи 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарот: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад» ифода шудааст. Тибқи муқаррароти қисми дуюми моддаи мазкур, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ «Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад» ифода шуда, агар дар сурате ки шахс ҳуқуқҳои дигаронро вайрон намояд, ӯ тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ва надонистани қонун боиси аз ҷавобгарӣ озод шудани ӯ намегардад.
Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар нашрияҳо мебошанд, ки дар онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мукаммал ва номукаммал интишор мешаванд. Дар нашрия санадҳои меъёрии ҳуқуқии номукаммал бо модда ифода мешавад, ки он бо калимаҳои ёрирасони техникӣ ифода меёбанд. Бинобар ин, дар нашрия он калимаҳое, ки вазифаи техникии воридотиро иҷро менамоянд, барои таҳия кардани лоиҳаи қонуни номукаммал ва пешниҳоди хулоса ҳамчун дастурамал хизмат расонида метавонад, агар он техникаи воридотӣ мувофиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бошад.
Ҷиҳати ворид кардани тағйиру илова ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ду ҷанба: техникӣ ва техникию меъёриро ҷудо кардан мумкин аст. Масъалаи техникӣ ин намуди ворид кардани тағйиру илова дар шакли лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии номукаммал истифода шуда, танҳо масъалаи ёрирасониро дорад, ки он меъёри ҳуқуқ шуда наметавонад. Масалан, дар лоиҳаи қонуни номукаммал ифода шудааст, ки дар моддаи 1 ва минбаъд дар тамоми матни қонуни мазкур калимаи «гражданӣ» ба калимаи «маданӣ» иваз карда шавад. Дар ин сурат пас аз мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи мазкур танҳо калимаи «маданӣ» меъёр шуда метавонад. Масъалаи техникию меъёрӣ бошад, ин таркиби санади қонунгузорӣ буда, ба он қисм, фасл, зерфасл, боб, параграф, модда, қисм дар модда, банд ва сархат дохил шуда, онҳо меъёри ҳуқуқ мебошанд, ки дар амалияи ҳуқуқтатбиқнамоӣ истифода карда мешаванд.
Мақсади таҳия кардани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии номукаммале, ки ҷиҳати ворид кардани тағйиру илова ва дигар техникаи меъёрэҷодкунӣ муқаррар шудааст, ба санади меъёрии ҳуқуқии мукаммали муайяншуда мебошад.
Бояд қайд кард, ки матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии мукаммал ва номукаммал муқаррарот (меъёр) шуда наметавонад. Зеро лоиҳаҳои мазкур агар давраҳои муқарраршудаи қонунгузориро гузарад, сипас пас аз интишор дар нашрияи расмӣ он муқаррарот (меъёр) шуда метавонад.
Дигар масъала дар техникаи меъёрэҷодкунӣ зербандҳо мебошад, ки мувофиқи қисми 11 моддаи 43-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» зербанди банди қисми моддаи санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии он буда, баъд аз муқаддимаи қисм ё банд ва аломати баён бо фосила оғоз меёбад ва бо ҳарфҳои хурди алифбои тоҷикӣ ишора гардида, пас аз он аломати қавси пӯшида гузошта мешавад. Зербандҳо метавонанд ба сархатҳо тақсим шаванд. Зербанд бо ҳарфи хурд оғоз гардида, дар охири он нуқтавергул гузошта мешавад, ба истиснои зербанди охирони қисми модда, ки дар охири он нуқта гузошта мешавад. Мувофиқи меъёри мазкур дар матни тоҷикии санади меъёрии ҳуқуқӣ зербандҳо мувофиқ ба алифбои забони тоҷикӣ муқаррар мегарданд. Ҳамчунин, дар матни русии санади меъёрии ҳуқуқӣ зербандҳо мувофиқ бо алифбои забони русӣ ифода меёбанд. Дар амалияи ҳуқуқтатбиқнамоӣ бошад, агар ҳуҷҷатҳо бо забони русӣ таҳия шуда, мавриди баррасӣ қарор гиранд, дар ин сурат матни ҳуҷҷатҳо бо забони русии санадҳои меъёрӣ муқаррар карда мешаванд.
Зери моҳияти лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳамаи лоиҳаҳои барои баррасӣ пешбинишуда: лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, кодексҳо ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, аз санадҳои зерқонунӣ дастур, дастурамал, низомнома, оиннома, қоида, фармоишҳо ва дигар санадҳо дохил мегарданд.
Ҳамин тавр, таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳқиқотро талаб карда, он дар асоси талаботи қонунгузорӣ омода мешавад.
Баҳрулло ҒАЮРЗОДА,
мушовири калони Комиссияи МНМО ҶТ оид ба назорати дастур ва ташкили кор