Бо ибтикори вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода барои таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва кормандони милитсия ба вазорат таҷҳизоти нав оварда шуд.
Ин дастгоҳҳо барои назорат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва муоширату муносибати кормандони милитсия ва шаҳрвандон ҳангоми фаъолият пешбинӣ шудааст.
Дастгоҳҳои электронии рақамӣ, ки дорои хотираи зарурӣ мебошанд, дар либоси низомии кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Хадамоти посбонии пайраҳадории милитсия ҳангоми ба хатсайрҳо барои адои хизмат баромадан насб карда мешаванд.
Тавассути ин дастгоҳҳо суҳбати кормандони милитсия ҳангоми иҷрои вазифа бо шаҳрвандон сабт ва ба навор гирифта мешаванд. Дастгоҳи мазкур имконият дорад, ки тамоми ҳаракат, муносибат, муошират, аз ҷумла ҳаракати ғайриқонунии муносибати берун аз доираи одоб ва рафтори дағалонаи кормандони милитсия ва шаҳрвандонро сабт намояд. Бо ёрии таҷҳизоти мазкур сабти навор ва овоз мустақиман ба автомашинаи махсуси патрулӣ расонида мешавад. Тавассути таҷҳизоти нав пешрафт ва мукаммалгардонии фаъолияти кормандони милитсияро таъмин намуда, амалҳои номатлуб — дағаливу беэҳтиромӣ нисбати якдигар, муносибатҳои дигари ғайриқонуниро, ки ба ҳимоя ва шаъну эътибори шаҳрванд мансубанд, пешгирӣ кардан мумкин аст.
Сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидов дар суҳбат бо мо гуфт, ки албатта, на ҳама, вале бо чунин таҷҳизот қисме аз кормандони ин мақомот таъмин мешаванд. Дар назар аст, ки кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Душанбе ҳангоми адои вазифаи хизматӣ оянда аз чунин дастгоҳҳо бештар истифода мебаранд.
А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»