Бо мақсади дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия 28-уми майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федеролии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва намояндагии ин ниҳоди Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба фаъолият шурӯъ намуд.
Ҳадафи асосии таъсиси намояндагии мазкур анҷом додани як қатор чорабиниҳои омодагӣ, аз ҷумла санҷиши пеш аз сафар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебошад. Акнун шаҳрвандони мо имкон доранд, бақайдгирии изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Федератсияи Россияро дар дохили ҷумҳурӣ гузаранд.
Дар доираи чораҳои андешидашуда минбаъд корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар хизматрасониҳо барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия, машваратҳои ҳуқуқӣ доир ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, хавфҳои муҳоҷират ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда мешавад.
Ҳоло аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду ҷониб ҷиҳати дар муддатҳои наздик ба роҳ мондани ташхису муоинаи тиббӣ, супоридани имтиҳонҳо, гирифтани маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи барномаҳои Федератсияи Россия, ки барои гирифтани патент ва фаъолияти қонунии шаҳрвандони мо дар ҳудуди Федератсияи Россия заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад, корбарӣ идома дорад.
Дар маросими ифтитоҳи намояндагии КВД «Хадамоти шиноснома ва раводид» қайд гардид, ки Федератсияи Россия шарики стратегии Тоҷикистон буда, робитаҳои дӯстӣ барои ҳар ду ҷониб манфиатовар мебошад.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА ,
«Садои мардум»