Аксияи ҷумҳуриявии «Омӯзгор — раҳнамои мо ҷавонон», ки имрӯзҳо дар саросари кишвар идома дорад, чун рамзи эҳтиром ва сипосгузории амиқи ҷомеа ба онҳое мебошад, ки дар рушди соҳаи маориф саҳми назаррас доранд.
Масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав дар доираи аксияи мазкур ба аёдати омӯзгорон, ки солҳои тӯлонӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ кору фаъолият кардаанд, рафта, аз авҳоли онҳо бохабар шуданд.
Яке аз чунин муаллимони муътабар Паҳлавон Раҷабов мебошад, ки зиёда аз 50 сол дар бахши маориф фаъолияти пурсамар намудаанд. Нозири ҷавони соҳаи маорифи ноҳия У. Эргашев ба аёдати ҳамкасби собиқадораш омада, зимни дидорбинӣ ба мавсуф аз номи худ ва аз номи ҳамкасбони дигар суханони нек баён кард, ки ин боиси табъи хуши омӯзгор гардид.
П. Раҷабов дар навбати худ чунин иброз дошт: «Ба назари ман, пешаи муаллимӣ на танҳо ихтисос, балки омӯзишу донистани ҳолати рӯҳии нафарони алоҳидае ҳаст, ки мисли ман баъдан, худро бе мактабу маориф тасаввур карда наметавонанд. Аз ин рӯ, хеле шодам, ки ҳам шогирдон ва ҳам ҳамкорон маро то ҳол ёд карда, зуд-зуд ба дидорбиниам меоянд».
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»