Соли равон аз қабули ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз - Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол сипарӣ мешавад. Бояд гуфт, ки Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад. Он барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид. Бидуни муболиға ва шакку шубҳа метавон гуфт, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз конститутсияҳои беҳтарини дунё маҳсуб ёфта, дар он иродаи тамоми қишрҳои ҷомеа, бо дарназардошти талабот ва эҳтиёҷоташон, ифода ёфтааст. Албатта, бо чанд ҷумла бозгӯйӣ намудани нақш ва моҳияти он аз доираи имкон берун аст. Агар таври мухтасар моҳияти онро бозгӯйӣ намоем, пас шоистаи зикр аст, ки дар он масъалаҳои муҳим, аз қабили ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, мақом ва салоҳияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мустақилияти ҳокимияти судӣ, ба зиммаи мақомоти прокуратура вогузор будани назорати иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ доштани давлат ва ғайра муқаррар гардидааст. Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар саргаҳи қабули ин санади муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳама дар хотир дорем, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкил намудани комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид, ҳайати нави комиссия таҳти роҳбарии ин абармард тасдиқ гардида, ба таҳияи лоиҳаи нави Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон суръати тоза бахшида шуд. Имрӯз бо боварии комил метавон гуфт, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои волои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудааст. Аз ин хотир, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти миллиро доро мебошад, пурра ҷавобгӯйи талаботи нави замон буда, дарвоқеъ, қонуни ваҳдати миллӣ ва муттаҳидкунандаи тоҷикону тоҷикистониён, таъминкунандаи рушду нумӯи давлати Тоҷикистон дониста мешавад. Дар таълимоти илми ҳуқуқшиносӣ зери мафҳуми Конститутсия қонуни асосии қувваи олии ҳуқуқидошта фаҳмида мешавад. Истилоҳи Конститутсия ҳанӯз дар Рими қадим маълум буд. Дар асл бошад, Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ дар шаклу мазмуни ғояҳои имрӯза зиёда аз дусаду бисту панҷ сол боз арзи вуҷуд дорад. Сарчашмаҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки нахустин Конститутсияи олами башарӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1787 қабул гардидааст. Суоле пеш меояд, ки чаро тӯли ҳазорсолаҳо мамолики дунё бидуни Конститутсия фаъолият доштанду ду асри охир рӯ ба он оварданд? Ақидаҳои дорои хусусиятҳои объективию субъективӣ, тибқи адабиёти ҳуқуқӣ, ки бештари онҳо Конститутсияро чун санади синфи ҳукмрон оид ба пойдории ҳокимияти худ маънидод мекунанд, зиёданд. Аммо агар ба ин масъала амиқтар назар андозем, пас дигар омили муҳимеро, ки ба далели устувор асос меёбад, пайдо менамоем. Сарчашмаи асосии пайдоиши Конститутсия ба шуури ҳуқуқии инсоният, ки дар ду асри пуринқилоб мукаммалтар гардид, вобастагӣ дорад. Пайдоиши Конститутсия тақозои ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад, ки барои фароҳам овардани шароити арзандаи ҳуқуқӣ мусоидат мекунад.
Тоҷикистон низ таърихан дорои конститутсияҳои худ мебошад. Дар раванди таърихи Тоҷикистон, бешубҳа, Конститутсияҳои солҳои 1924, 1931, 1936, 1978 ва Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон (соли 1991) нақши созанда бозидаанд. Имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик аст ва дараҷаи самаранокии амалишавии муҳтавои он ба савияи қонундониву риояи бемайлони он аз тарафи ҳар як фарди ҷомеа иртиботи бевосита дорад.
Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо ташаббуси Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бевосита аз ҷониби халқ қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз, ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати санади олии қувваи ҳуқуқидошта заминаҳои қонунии пешрафти ҷомеаро муайян намуда, барои қабули қонунҳои нав ва ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятии гуногун асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам овард. Ифода гардидани халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ аз демократӣ будани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Меъёрҳои меҳварии қонуни асосии кишвар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро мавриди баҳрабардорӣ пешниҳод намудааст, ки аввалин маротиба дар таърихи қонунэҷодкунии давлат ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ ва заволнопазир эътироф кардааст, ки ин ифода қурбу манзалати инсонро дар ҷомеа боз ҳам барҷаста таҷассум намудааст. Ҳуқуқи инсон мафҳуми мураккабу серҷабҳа буда, ба он таърифи ягона ва маънидоди якранга намудан қобили қабул нест, зеро ин вожа яке аз арзишҳои муайянкунандаи тамаддуни ҷаҳони муосири имрӯза маҳсуб меёбад ва на танҳо мафҳуми ҳуқуқӣ, инчунин философӣ, сиёсӣ ва ахлоқиро низ доро мебошад. Ҷамъ овардану баҳодиҳии далелҳо дар раванди таҳқиқу тафтишоти пешакӣ барои исботи дараҷаи гунаҳгорию бегуноҳии ашхоси таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарордошта ва дар ин замина ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон бевосита аз меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон манша мегирад, зеро таҳқиқу тафтиши ҳамаҷониба, холисона ва одилона дар раванди тафтишоти пешакӣ ва ба амал баровардани адолати судӣ ба принсипи эҳтимолияти бегуноҳии инсон пойдевори устувори ҳуқуқиро замина мегузорад. Боби ҳаштуми ин ҳуҷҷати муҳим, ки фарогири моддаҳои 84-92 мебошад ба ҳокимияти судӣ бахшида шудааст. Минҷумла дар моддаи 84-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд».
Тибқи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд. Тарзи ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон, муайянкунандаи мақсаду мазмуни фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ будани онҳо маънои онро дорад, ки риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон вазифа ва уҳдадории ҳуқуқии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо мебошад. Қонунҳо набояд қоидаҳои рафтореро муайян намоянд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқ набошанд ё онҳоро халалдор созанд.
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ аз ҳуқуқбунёду демократӣ будани низоми давлатдории мо гувоҳӣ медиҳад. Аз ин бармеояд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,санадҳои байналмилалӣ ва фарҳанги оламшумули динию суннатии мо ашхоси мутасаддиро водор месозад, ки аснои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидану маҳкум намудани инсон меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро комилан риоя намоянд. Ба маънои томаш, дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иродаи кулли тоҷику тоҷикистониён таври мушаххас ифода ёфтааст.
Шараф НОРҚУЛОВ, судяи Суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд