Сайёҳии парандашиносӣ.

№72 (4812) 07.06.2024

Чаро имкониятҳо истифода намешаванд?

l71420230106084101Имкониятҳои сайёҳӣ дар кишвари мо кам нестанд, аммо истифодаи дурусту саривақтӣ аз онҳо масъалаи асосӣ ба шумор меравад. Яке аз навъҳои сайёҳӣ, ки онро метавон рушд дод, сайёҳии парандашиносӣ мебошад. Ҳоло дар бисёр кишварҳо, ба истилоҳ, «birdwatching» ё худ сайёҳии парандашиносӣ (орнитологӣ) рушди муназзам дорад.

Ин навъи сайёҳиро бештар дӯстдорони табиат меписанданд, ки шумораашон дар саросари дунё кам нест. Тибқи пурсишҳои сотсиологӣ, сайёҳии орнитологӣ пас аз сайёҳии пиёдагардӣ дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Ин навъи сайёҳӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Британияи Кабир, Скандинавия, Фаронса, Олмон ва Ҷопон бештар рушд кардааст. Садҳо ширкатҳои марбут сафарҳои сайёҳиро қариб ба тамоми гӯшаҳои ҷаҳон ташкил менамоянд, даҳҳо коргоҳҳое мавҷуданд, ки таҷҳизоти барои ин навъи сайёҳӣ лозимро истеҳсол менамоянд, маҷаллаҳои зиёде ба табъ мерасанд, ки ба парандаҳо ва назорати онҳо дар табиат бахшида шудаанд.

Дар кишвари мо 18 ҳудуди орнитологӣ вуҷуд дорад, ки яке аз онҳо обанбори «Баҳри Тоҷик» мебошад. Он макони ҷамъшавии парандаҳо буда, роҳандозии ин намуди туризм дар моҳҳои август – сентябр – октябр, вақте ки парандаҳо аз шимол ба ҷануб меоянд, мувофиқ мебошад. Ҳангоми ташкили сайр ба ин мавзеъ роҳбалад бояд парандашинос бошад, то дар бораи намуд ва хусусияти биологии парандаҳо ба сайёҳон маълумоти дуруст пешниҳод намуда тавонад.

Алҳол ин навъи сайёҳӣ дар кишвари мо рушд наёфтааст ва сабаби инро мутахассисон дар набудани инфрасохтор ва роҳбаладони парандашинос (орнитолог) медонанд. Бо мақсади пешрафти ин самти сайёҳӣ дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, зарур аст, ки варақаҳои тарғиботӣ, китобу маҷаллаҳои махсуси соҳавӣ дар бораи парандагони кишвар нашр карда шаванд.

Тибқи маълумоти дастрасшуда, ҷамъияти «Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон» тасмим гирифтааст, ки барои мактаббачагону донишҷӯён дар маконҳои ҷамъшавии парандаҳои мавсимӣ экскурсияҳо ташкил намояд. Чунин иқдом қобили дастгирӣ буда, барои боло рафтани сатҳи маърифати экологии наврасону ҷавонон аҳамияти калон дорад. Ин самти сайёҳиро дар Тоҷикистон низ сарфи назар кардан нашояд, зеро ба шарофати иқлими камназир, гуногунии манзараҳои табиӣ 385 намуди парандаҳо лона мегузоранд ва аз ин иқтидори бузург бояд самаранок истифода бурд.

Ш. ҚУРБОНОВА,

рӯзноманигор