Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи «коррупсия» ба истилоҳҳои «фасод», «вайронкунанда», «зараррасонанда» ва фурӯхтани мансаб маънидод шуда, истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиати шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳама давру замон аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.
Дар робита ба ин, дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар гардидааст, ки коррупсия кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамояд, инчунин, ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад.
Коррупсия аз ҷумлаи кирдорҳое ба ҳисоб меравад, ки боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, заиф шудани фаъолияти мақомоти давлатӣ гардида, эҳтироми мардумро ба давлат ва мақомоти он коста менамояд ва обрӯю эътимоди онро коҳиш медиҳад. Аз ин хотир, дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла дар моддаи 7 Кодекси рафтори шахсони мансабдор оид ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, ки бо қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ аз 17 декабри соли 1979 қабул шудааст, дарҷ гардида, ки шахсони мансабдор оид ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ бояд ягон намуди кирдори коррупсиониро содир накунанд ва барои пешгирии ҳамаҷонибаи чунин омилҳо ва мубориза бар зидди он кӯшиш намоянд.
Бо назардошти хавфнокии кирдорҳои коррупсионӣ муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилот, новобаста аз шакли моликият, дар доираи ваколатҳо ва вазифаҳои худ, инчунин, шахсони воқеӣ дар самти пешгирии коррупсия мебошад.
Бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои муқовимат ба коррупсия дар кишвари мо фароҳам буда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин аст. Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгуй қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ — Шурои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд.
Ҳамзамон, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва ҷавобгарии шахсоне, ки ба чунин кирдори номатлуб даст мезананд, муқаррароти дахлдор пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, бо татбиқи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар гаштани самти амалӣ намудани адолати судӣ тадбирҳои мушаххас андашида шуда, ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор вобаста ба беҳгардонии фаъолияти низоми адолати судӣ, таҳия ва қабули санади ҳуқуқии дахлдор оид ба пурра намудани ҳайати баъзе судҳо ва ба танзим даровардани сарбории судяҳо, ҳамасола пешбинӣ намудани афзоиши маблағгузории мақомоти судӣ дар буҷети давлатӣ ва баробар кардани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ба вазъи иҷтимоии кормандони дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ махсус қайд гардидааст.
Тадбирҳои амалинамудаи Роҳбари давлат барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби коррупсия ҳамаи моро водор месозад, ки дар ин кори басо муҳими давлатӣ бетараф набошем.
Намоз АМОНЗОДА,
судяи Суди шаҳри Душанбе