4-уми июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар мавзуи «Муколамаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон бо вакилзанон дар самти баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон» семинар-машварат баргузор гардид.
Дар он вакилзанони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дафтари Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Мавсума Муинӣ таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон, фароҳам овардани шароити муносиби кору зиндагӣ барои онҳо, таҳкими мақому манзалаташон дар ҷомеа корҳои зиёд амалӣ шудааст.
Тоҷикистон санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз нисбати занонро тасдиқ намуд.
Бо тасвиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа» мавқеи занон дар мамлакат боло рафта, ин раванд бардавом аст. Дар заминаи фармони мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарии мардон ва занон ва имкониятҳои баробар барои татбиқи онҳо» қабул гардид, ки муносибатҳоро барои таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарии мардон ва занон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ танзим намуда, кафолатҳои давлатии имкониятҳои баробар барои шахсони ҷинси гуногунро муқаррар менамояд.
Иқдомоти дигари муҳим қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд.
- Сарвари давлат ҳамеша пуштибон ва ғамхори занону бонувон ҳастанд. Барои роҳандозии сиёсате, ки манфиат ва талаботи занону духтаронро пурра ба назар гирад, вакилони мардумӣ низ механизмҳои ҳавасмандгардониро дар доираи сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат амалӣ намуда, онро тақвият мебахшанд, — таъкид намуд дар фарҷоми суханронӣ Мавсума Муинӣ.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ