22 октябри соли 2014, тибқи барномаи сафар, мулоқоти ихтисосии Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мири шаҳри Москва ҷаноби Сергей Собянин сурат гирифт.
Дар ин мулоқоти самимӣ ҷонибҳо зарурати ҳамкориҳои ҷадид дар соҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама, ҳимояи ҳуқуқ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили марказҳои муосири логистикӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши робитаҳои бевоситаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии байниминтақавиро махсус таъкид намуда, аз манфиатдориву омодагии хеш изҳор доштанд.
Бо дахли масоили робитаҳои байнишаҳрӣ миёни Душанбе ва Москва зикр гардид, ки муносибатҳои ҳасана чун бозгӯйи талаботи вақт дар асл ба такону тақвият ниёз дорад ва зарур аст, ки имконияти ҷонибҳо дар ин самт беҳтар истифода карда шавад.
Бо ин мақсад қарор дода шуд, ки дар доираи Созишномаи мавҷуда оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарию фарҳангӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Москва нақшаи фаъолияти тарафҳо барои солҳои 2015- 2018, бо дарназардошти тамоми зарфиятҳои ба нафъи ҷонибҳо то имрӯз истифоданашуда, таҳия ва амалӣ шавад.
Дар иртибот ба ин тафоҳумот гурӯҳҳои корӣ ва масъули ҷонибҳо муваззаф карда шуданд, ки ҳар чӣ зудтар нақшаи фаъолиятро бо тарҳрезии чорабиниҳои судбахш барои тасдиқи роҳбарияти шаҳрҳо манзур намоянд.
Ш.САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон