10.06.2024 16:10, шаҳри Душанбе
10 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” узви Президиуми Босния ва Ҳерсеговина хонум Желка Свияновичро ба ҳузур пазируфтанд.
“Ташрифи Шумо ва ҳайати ҳамроҳатонро ба Тоҷикистон боз як далели дастгириҳои доимии давлати Шумо аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим арзёбӣ менамоям” изҳор доштанд дар оғози мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили тағйирёбии иқлим, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили об ва дигар мушкилоти глобалии сайёраро баррасӣ намуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки мулоқоти имрӯза ба рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди кишварҳо такони тоза хоҳад бахшид.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили густариш додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ муҳокима гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории кишварҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ карда, идома ва таҳкими минбаъдаи ин равандро муҳим донистанд.