10 июни соли равон дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азулеро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ шуд.
“Тавсеаи робитаҳо бо ЮНЕСКО дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муайян гардида, сатҳу муҳтавои имрӯзаи он боиси қаноатмандии мост” изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Аз дастгирии доимии Созмон аз иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои илму маориф, ҳифзи мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Шашмақому фалак, гулдузӣ, бофтани атласу адрас, ҷашнҳои Наврӯз, Садаву Меҳргон, ёдгориҳои зиёди таърихӣ аз ҷумлаи мероси гаронбаҳои моддиву маънавии арзишманди тоҷиконанд, ки эътирофу эътибори ҷаҳонӣ пайдо намудаанд.
Дар ин зимн саҳм ва дастгирии ЮНЕСКО дар ҳифзи фарҳангу анъанаҳои ниёгони мо ва таҳвили онҳо ба наслҳои оянда амри муҳим шумурда шуд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки кишвари мо ба ҳамкории судманди минбаъда бо ЮНЕСКО дар самти нигоҳдорӣ ва пешгирӣ аз нобудшавии мавзеъҳои таърихӣ ва ганҷинаҳои фарҳангии миллӣ манфиатдор мебошад. Дар ин ҷода, истифодаи зарфиятҳои фанноварию техникии Созмон дар доираи барномаи “Таҳкими иқтидор барои мудирияти мероси таърихӣ” зарур шумурда шуд.
Татбиқи лоиҳаи ЮНЕСКО дар бораи “Коҳиш додани осебпазирии аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ рӯ ба рӯи хатари обшавии пиряхҳо” аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо оид ба рафти амалисозии он табодули андеша намуданд.