БИНОИ НАВИ БЕМОРХОНА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

№ 10.06.2024

БЕМОР ИСЛОМ 070624 — копияБа истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар доираи лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бинои нави беморхонаи марказӣ ва маркази саломатӣ бунёд мегардад. Аллакай 70 дарсади корҳои сохтмонӣ дар иншоот ба анҷом расидааст.

Исроил Одиназода, муҳандиси Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Иқлими соф», ки бунёди иншоотро ба зимма дорад, иттилоъ дод, ки бино сеошёна буда, барои 66 кат пешбинӣ шудааст.

Фармоишгари иншоот Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар бинои зикршуда, инчунин, муассисаи кумаки аввалияи тиббии ноҳия низ ҷойгир хоҳад шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи сентябри соли 2022 оғоз гашта, дар он беш аз 40 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Тибқи нақша бино соли равон ба истифода дода мешавад.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»