10-уми июни соли 2024 дар доираи форуми парлумонии «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммад мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Малайзия ба густариши равобит байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия такони тоза хоҳад бахшид.
Кишварҳои мо дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд. Маҳз ҳамин омил ва пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ моро водор месозад, ки ҳар чӣ бештар ҳамкориҳои судманду гуногунҷанбаро густариш бахшем.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентиро бо парламенти Малайзия аз афзалияти худ медонад. Бо ин мақсад 9 ноябри соли 2020 мулоқоти маҷозии Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Девон Ракияти Малайзия Датук Азҳар Азизан Ҳорун баргузор гардида буд.
Дар он доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Бояд қайд кард, ки дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парламенти Малайзия таъсис дода шудааст. Қобили зикр аст, ки дар робитаҳои байнипарлумонии кишварҳоямон зарфиятҳои истифоданашуда хеле зиёд ҳастанд.
Баргузории вохӯриҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар доираи сафарҳои мутақобила ва муколама байни кумитаҳо, гурӯҳҳои дӯстии парлумонии кишварҳоямон бояд мунтазам гарданд. Чунин тарзи кор рушди ҳамкориҳоро тақвият бахшида ба табодули таҷриба ва амалияи қонунгузорӣ мусоидат мекунад.
Барои татбиқи босамари ин ташаббусҳо пешниҳод гардид, ки фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ тақвият бахшида шаванд.
- Мо ҷонибдори рушди робитаҳои кишварҳоямон ҳастем ва омодаем, ки ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо дучанд талош варзем,- гуфт дар интиҳо Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода.