Суҳбати Рустами Эмомалӣ бо Дэннис Фрэнсис

№74 (4814) 12.06.2024

1111-уми июни соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо раиси Иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Дэннис Фрэнсис мулоқот анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ раиси Иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Дэннис Фрэнсисро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иштироки ӯро дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар роҳи расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об муҳим арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, дар ҳамкорӣ бо ин созмони бонуфуз тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад.

Бо қаноатмандӣ иброз карда шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар пешниҳоду муаррифии ташаб­бусҳои ҷаҳонӣ дар масъалаҳои обу иқлим нақши пешоҳангиву фаъол доранд.

Минбаъд низ омодагии кишвари мо ҷиҳати амалисозии ташаббусҳои созанда вобаста ба масъалаҳои мубраму фарогири обу иқлим дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо, баён гардид.

Ҷонибҳо тақвияти ҳамкории дуҷонибаро дар истифодаи боэътимод ва самараноки зарфиятҳои энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур ҳисобида, ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо бо ниҳодҳои махсусгардонидашудаи СММ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ ва иҷтимоӣ иброз намуданд.

Қайд гардид, ки дастгирии ташаббуси роҳбарияти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикис­тон тавассути қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба «Рӯзи ҷаҳонии футбол» дар моҳи майи соли ҷорӣ, ба рушди минбаъдаи намудҳои гуногуни варзиш, бахусус футбол, ки маъмултарин ва дӯстдоштатарин намуди варзиши аҳолии сайёра, хосатан ҷавонону наврасон мебошад, такони тоза хоҳад бахшид.

Дар мулоқот, инчунин, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, мубодилаи афкор карданд.

www.majmilli.tj