Муаррифинома
Асоев Мирзо (Мирзо Асозода) 10 октябри соли 1941 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Солҳои 1952-1959 дар мактаби ҳаштсолаи деҳаи Ҷалҷит ва мактаби миёнаи ба номи А.С. Пушкини ноҳияи Орҷоникидзеобод таҳсил кардааст.
Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1959 оғоз ёфтааст. Солҳои 1959-1962 дар рӯзномаи ноҳиявии «Коммуна» (ҳоло «Шаҳриёр») мусаҳҳеҳ шуда кор кард. Солҳои 1962-1964 дар сафҳои Армияи Советӣ хизмати Модар-Ватанро ба ҷой овардааст. Солҳои 1964-1966 котиби масъули рӯзномаи ноҳиявии «Коммуна» ва солҳои 1966-1976 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ходими адабӣ буд. Факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира ДМТ)-ро соли 1975 (ғоибона) хатм кардааст.
Минбаъд фаъолияти меҳнатиаш дар мақомоти прокуратура идома ёфт. Солҳои 1977-1982 ёрдамчии прокурори ноҳияи Орҷоникидзеобод буд.
Шурӯъ аз 1982 ба ҳайси адвокат ва аз соли 1983 то 2004 раиси Коллегияи адвокатҳои шаҳри Ваҳдат, ҳамзамон ҷонишини раиси Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз моҳи декабри соли 2004 нафақахӯри шахсии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ.
Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (соли 1964) мебошад.
Соли 1998 бо унвони фахрии Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон сазовор гардидааст.
Чанд муддат боз дар матбуоти даврӣ шеъру маводи ҳуқуқиро бо имзои Мирзо Асозода дучор нашудам. Аз дӯсти наздикаш шоир ва рӯзноманигори шинохта Исо Раҳим суроғаи хонаашро пурсида, дарашро кӯфтам. Устод дар кати чӯбини ҳавлӣ, дар иҳотаи гулҳо истироҳат дошт ва аз омадани банда хеле шод шуд.
-Омадани Шумо ҷавониамро ба хотир овард. Дар ҷавонӣ хеле серғайрат будам. Бисёр мехондам ва менавиштам. Ҳоло синнам ба 73 расидааст. Бар замми ин, чанде пеш духтурон чашмонамро ҷарроҳӣ карданд. Акнун хондану навиштан мушкилтар шуд, вале суҳбат кардан барои мани солхӯрда хеле гуворо аст, — изҳор намуд ӯ.
Ҳамин тавр, суҳбати мо бо Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Мирзо Асозода оғоз ёфт.
- Устод, тавре огоҳем, фаъолияти эҷодиатонро дар матбуоти тоҷик аз журналистӣ оғоз намуда, дар ин соҳа комёб ҳам шуда будед. Пас чӣ боис шуд, ки рӯ ба ҳуқуқшиносӣ овардед?
- Бале. Аввалҳо дар рӯзномаи ноҳиявии «Коммуна»-и ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) мусаҳҳеҳ шуда кор кардам. Бо дастгирии кормандони онвақтаи рӯзнома, сармуҳаррир Нисон Фузайлов, мухбирон Асо Назар, Амонулло Ғуломов, Шарифов, Мирзо Файзалӣ то дараҷаи котиби масъули рӯзнома расидам. Ҳашт сол дар рӯзномаи «Коммуна» кор карда, бо рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, бахусус «Тоҷикистони Советӣ» ҳамкории наздик доштам.
Дар рӯзномаҳои «Коммуна» ва «Тоҷикистони Советӣ» беш аз чорсад хабару мақола, лавҳа, репортаж, очеркҳои судӣ таълиф ва чоп намудам. Бештари навиштаҳоям аз рафтори ғайриқонунии ҳаннотон, авбошон, хушомадгӯён, оилабезорон, қаллобон, мансабпарастон, бюрократҳо ва ҷиноятпешаҳо қисса мекарданд. Очеркҳои судиам таҳти рубрикаҳои «Аз зали суд», «Аз кабинети муфаттиш» мунтазам дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ чоп мешуданд.
Минбаъд даҳ сол чун ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» кор кардам. Бояд гӯям, ки дар ин рӯзномаи бонуфуз маро сармуҳаррир Шодӣ Саидов хеле дастгирӣ мекард. Ман аз ӯ якумр миннатдорам.
Яке аз сабабҳои ҳуқуқшинос шуданам дар он буд, ки бо мардуми касбу кори гуногун вохӯрда, арзи дилашонро мешунидам. Онҳо одитарин ҳуқуқҳои худро намедонистанд, аз ин рӯ, сарсону саргардон мешуданд.
Аз ҷониби дигар, ба касби ҳуқуқшиносӣ аз овони кор дар рӯзномаи «Коммуна» дилбастагӣ доштам. Имконият шуд, ки ғоибона факултети ҳуқуқшиносиро хатм намоям.
Фаъолияти кориам дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз соли 1977 оғоз ёфт ва он зиёда аз 30 сол давом кард.
- Шуморо чун шоири ҳаҷвнигор ва бачагона ҳам мешиносанд…
- Дар шеъру шоирӣ устодонам Басир Расо, Киром Остон ва Мирзо Файзалӣ мебошанд.
Аввалин шеърҳои ҳаҷвӣ ва бачагонаамро ин адибони номвар қалами таҳрир мезаданд.
Шеъри «Мансабпараст»:
Дар куҷоӣ, ҷӯраи мансабпараст ?
Дар куҷо бошад туро он зӯру шаст?
Ман — маниҳоят намебинам дигар,
Ҳам намехонӣ маро аз хеш паст.
Ё худ шеъри «Ваъдабоз»:
Гуфтам ба ӯ ман арзи худ,
Гуфто: магӯ бар ман ту роз.
Аз розгуфтанҳо чӣ суд,
Ман ваъдабозам, ваъдабоз.
Кардам зи нав ман арзи ҳол,
Аз нав намуд нозу ароз.
Гуфто: машав асло малол,
Ман ваъдабозам, ваъдабоз.
Ин шеърҳо ба устодон Басир Расо ва Бурҳон Ғанӣ хеле писанд омаданд. Алҳол ин ҳаҷвияҳоро санъаткорон ба оҳанг дароварда месароянд.
-Дар ин байн чанд китобатон ба дасти хонанда расид?
-Таъриф шавад ҳам, дар ин муддат ҳафт маҷмӯаи шеърҳо, шеърҳои ҳаҷвӣ ва бачагона бо номҳои «Воҳима», «Гулбоғ», «Пайки меҳр» «Моҷаро», «Маҷлиси парандагон», «Қасос», «Ҳиссаҳо аз қиссаҳо» ба дасти хонанда расид.
- Якбора аз кори журналистӣ ба ҳуқуқшиносӣ гузаштан магар мушкил набуд?
- Ҳаргиз. Ман ҳангоми рӯзноманигорӣ бо кормандони сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ доштам. Таҳсил дар донишгоҳ дониши ҳуқуқиамро дучанд зиёд кард.
Сонӣ, ман фаъолиятамро аз вазифаи ёрдамчии прокурори ноҳияи Орҷоникидзеобод оғоз карда, таҷрибаи кор андӯхтам. Аз соли 1982 инҷониб, касби адвокатиро пеша карда, то ба нафақа баромадан адвокат будам.
- Аз нигоҳи шумо журналист ва ҳуқуқшинос – ин ду касб чӣ умумият ва фарқияте доранд?
- Ба назари банда аз фарқият дида, умумияташон бештар аст. Журналист бояд ҳақиқатро нависад. Ҳуқуқшинос ҳам бояд аз рӯйи қонун амал карда, ба хатокорӣ роҳ надиҳад. Ҳар ду бо тақдири инсон сару- кор доранд. Яке тавсиф, лозим шавад танқид ҳам мекунад. Дувумӣ бошад, дар ҳолати риоя накардани қонунҳои ҷорӣ чораҳои ҳуқуқӣ мебинанд.
Ман аз журналистика ба соҳаи ҳуқуқшиносӣ гузашта бошам ҳам, доимо дар матбуоти тоҷик бо «Маслиҳатҳои ҳуқуқӣ» баромад мекардам. Яъне, ҳамкории банда бо матбуот ҳамеша пайванд буд.
- Ба назари шумо дар матбуоти тоҷик кадом норасоиҳо ва холигиҳо дида мешавад?
- Алҳол дар матбуоти тоҷик бештари жанрҳои журналистика, махсусан фелетон, памфлет ва очерку сафарномаҳо ба назар намерасанд. Магар дар ҷамъияти мо ягон камбудӣ ва норасоӣ дида намешавад?
Солҳое, ки дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» кор мекардам, дар ҳаммуаллифӣ бо Мустафо Шарқӣ таҳти унвони «Фоҷиа набояд рӯй медод» фелетон чоп кардем. Баъди чопи он ҳашт нафар кормандони назорати халқӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Ҳисор барои ғайриқонунӣ кор карданашон аз вазифа барканор шуданд.
-Симои адвокати тоҷик дар тасаввури шумо бояд чӣ гуна бошад?
- Адвокат, пеш аз ҳама, бояд шахси доно, бомаърифат, сухандон ва инсони хоксор бошад. Сонӣ, адвокатҳои тоҷик на танҳо бо қонунҳои ҷории ҷумҳуриамон, балки қонунҳои мавҷудаи дигар ҷумҳуриҳо низ шинос бошанд.
Обрӯ ва мақоми адвокат ҳамон вақт баланд мешавад, ки ба ҷабрдида ё шахси ҷиноят содиркарда ёрии пурраи ҳуқуқӣ расонида тавонад. Агар адвокат саводи баланди сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маърифатӣ надошта бошад, чӣ тавр дар тафтишоти пешакӣ ё мурофиаи судӣ ба ҳимояшавандааш ёрии ҳуқуқӣ мерасонад ва ҳимоя мекунад?Адвокати таҷрибадор ва босаводу ҳуқуқдон ҳам дар вақти тафтиш ва ҳам дар толори суд метавонад бо далелҳои боварибахш шахси ҳимояшавандаро сафед кунад.
Дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» омадааст:
«Адвокат ҳангоми иҷрои фаъолияти адвокатӣ соҳибихтиёр аст ва танҳо ба қонун итоат мекунад. Адвокат ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти касбии худ аз озодии сухан дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ ба ҳадде истифода мекунад, ки вазифаҳояшро қоидаҳои Қонуни конститутсионӣ муайян кардааст».
Дар ҷумҳурии соҳибистиқ-лоли мо адвокатҳои донишманд, ҳалолкор ва бовиҷдон кам нестанд. Инро ман аз таҷрибаи кориам медонам ва боварӣ ҳаст, ки шумораи адвокатҳои хуб зиёд гашта, обрӯву эътибори онҳо сол то сол боло меравад.
-Дар таҷрибаи кориатон оё лаҳзаҳое буданд, ки бо кумаку ҳимояи шумо айбдоршавандаро аз толори суд ҷавоб додаанд?
- Дар таҷрибаи зиёда аз сисолаам чунин лаҳзаҳо кам набуданд. Соли 1966 мақомоти тафтишотӣ ба айбдоршавандаҳо Алиев ва Ҳусейнов бо моддаҳои 96 ва 155 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон карданд. Дар мурофиаи судӣ бо ҷаҳу талоши ман ҳаракатҳои онҳо ба қисми 2 моддаҳои 170 ва 203-и ҳамин кодекс бандубаст карда, айбдоршавандаҳо аз толори суд озод гардиданд.
Лаҳзаи дигар: Судшаванда Баҳром Ҳотамовро зери ҳимояи худ гирифтам ва дар мурофиаи судӣ чунин изҳор доштам: Дар гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунии С. Ёров ихтиёран дохил шудани судшаванда Б. Ҳотамов ва ҷиноятҳои содирнамудаи ин гурӯҳи ғоратгару ҷиноятпеша иштирок намудани Баҳром Ҳотамовро ягон кас надидааст. Яроқи оташфишон доштанашро ҳам касе намедонад. Ӯро маҷбуран, бо роҳи фишору таҳдиду зӯроварӣ аз назди дорухонаи деҳа ба мошинашон бор карда бурданд. Нуздаҳ рӯз дар таҳхонаи қароргоҳашон зиндонӣ карданд. Ба вай чун ба гаравгон муносибат мекарданд. Рӯзи нуздаҳум фурсат ёфта, бо роҳи фиреб мегурезад. Пас чӣ тавр дар ҳаракатҳои Б. Ҳотамов аломати ҷиноят – роҳзаниву ғоратгарӣ дида мешавад?
Чун дар ҳаракатҳои зерҳимояи ман аломати ҷиноятҳои ғоратгарӣ ва ғайриқонунӣ гирифтану гаштан ва нигоҳ доштани яроқ мавҷуд нест, ман аз суд талаб кардам, ки мутобиқи моддаи 311 Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Ҳотамов сафед ва аз толори суд озод карда шавад.
Коллегияи судӣ дар хонаи машваратӣ бегуноҳии Б. Ҳотамовро исбот намуда, тибқи талаботи қонун, ӯро бегуноҳ дониста, аз толори суд озод намуд.
-Чун ҳуқуқшиноси собиқадор ва рӯзгордида сабаби ҷиноят содир кардани наврасону ноболиғонро дар чӣ мебинед?
- Ҷинояткориҳои наврасону ноболиғонро волидайн ба мактаб ҳавола мекунанду мактаб ба волидайн, ҳол он, ки ҳар ду ҷониб дар тарбияи фарзандони мо масъул ва ҷавобгаранд.
Ман якчанд сабаби ин омили номатлубро мисол меорам.
Аввалан, ҳастанд падару модароне, ки фарзандонашонро ба ҳадде эрка мекунанд, ки дар натиҷа, онҳо аз «меҳрубониҳо»-и волидайн саргарм шуда, ба худ ҳар чизро раво мебинанд. Бо мурури вақт ин гуна наврас ё ноболиғ худхоҳ шуда, одамгарӣ, ҳурмат, хоксорӣ ва дигар хислатҳои хуби инсониро аз даст медиҳад. Агар падару модар ва омӯзгорон ин равандро пешгирӣ накунанд, оқибаташ ба ҷинояткор шудани онҳо мерасад.
Сабаби дигар ин аст, ки падар ё модари наврас майзада ё дузд буда, чанд маротиба ба маҳбас афтодааст. Яқин, ки чунин волидайн аз тарбияи фарзанд дур мемонад.
Дар бисёр ҳолатҳо ҳама кӯшиш кунанд, ки дар ҷиноятҳои содиркарда мактабу омӯзгоронро гунаҳкор мекунанд. Охир фарзанд 16 соат дар назди падару модар бошаду онҳо аз уҳдаи тарбияаш набароянд, магар муаллим ё маъмурияти мактаб 5-6 соат метавонад пеши роҳи ҷинояткории онҳоро гирад?
Пеш аз ҳама, бояд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ, ки маҳз ба ҷавонону наврасон бахшида шудаанд, дар маҳалҳо, дар сатҳи баланд амалӣ гардад.
Солҳои пеш гузаронидани мурофиаҳои суди сайёр на танҳо дар ҷойи зисту таҳсил ва кори наврасон, ноболиғон ва ҷавонон, балки дар байни калонсолон ҳам анъана шуда буд. Чунин тарзи мурофиаи судӣ аз аҳамият холӣ набуд.
- Дар соҳаи илми ҳуқуқ ва адвокатӣ киро устоди хеш медонед ва ба киҳо ҳаққи устодӣ доред?
- Дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва кор чун адвокат устоди асосии ман раиси Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Наим Амирбеков мебошад. Ман аз ин марди шариф натанҳо нозукиҳои касби адвокатӣ, балки одамгарӣ, масъулият ва покизакориро омӯхтам.
Шогирд давомдиҳандаи кори устодаш ба ҳисоб меравад. Шукр, ки тӯли фаъолияти кориам шогирдони зиёдеро маслиҳату машварат додаам. Инҳо муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Холиқов, раиси Коллегияи адвокатҳои вилояти Хатлон Ғулом Бобоев, мудири Маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Ғаниҷон Урунбоев, адвокати шинохта Ҷамшед Ғуломов, судя Зебӣ Қурбонова ва дигарҳо мебошанд.
Мусоҳиб Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»