Хабарҳо аз кишвар

№124 (3270) 24.10.2014

Конститутсия — поягузори Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ

ТОҶИКОБОД. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Бахшида ба 20- умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва раиси Шӯрои куҳансолони Тоҷикистон Ғайбулло  Авзалов бо сокинон баргузор гардид.

Вохӯриро раиси ноҳия Ҳ. Ализода ҳусни оғоз бахшид. Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар назди ҳозирин баромад карда, иброз дошт, ки Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поягузории Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, бунёди иншооти бузург ва тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои абарқудрати дунё саҳми босазо гузоштааст. Ғайбулло Авзалов – раиси Шӯрои куҳансолони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин аз муваффақиятҳои ҷумҳурӣ ёдрас шуда, ҳамаи онро самараи Ваҳдати миллӣ ва сулҳи бебозгашти халқи азизамон арзёбӣ намуд.

 Балҷувону Темурмалик нақшаи  даъватро иҷро карданд

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Ноҳияҳои  Балҷувону Темурмалик миёни шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб аввалин  шуда, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки якуми октябри соли равон  шурӯъ гардида буд, иҷро намуданд. Сабаби дар муддати кӯтоҳ иҷро шудани  нақша, ин дар навбати аввал ба рӯҳияи баланди ватандӯстию хештаншиносии насли наврас рабт дорад.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати  ноҳияи Балҷувон Гулаҳмад Сангов дар назди комиссияи даъватӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва даъватшавандагону волидони онҳо суханронӣ карда,  изҳор дошт, ки ватандӯстӣ барои сокинони ноҳияи мо сифату кирдори азалист. Маҳз ҳамин сифати нек буд, ки зодагони ноҳия Исмат Шарифов, Саидқул Турдиев ва Сафар Амиршоев бо далерию шуҷоати хеш дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ соҳиби унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шуданд.

 Шуғнон — пешсафи маъракаи даъват

ШУҒНОН. (Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»)  Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1987- 1996- и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»  ноҳияи Шуғнон дар ҳудуди ВМКБ  яке аз аввалинҳо  шуда,  иҷрои нақшаро таъмин намуд. Боиси зикр аст, ки туфайли корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, ташкилу баргузории вохӯриҳои роҳбарияти ноҳия  рӯз то рӯз сафи ихтиёриён барои хизмат дар Артиши миллӣ зиёд шуда истодааст. Аз ҷониби дигар, омили мазкур далели возеҳи болоравии  ҳисси ватандӯстии ҷавонони ноҳияи Шуғнон маҳсуб мёебад.

 Роҳи наву рӯзгори нав

ЗАФАРОБОД. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум») Роҳи нави Зафаробод-Истаравшан тавассути деҳаи Уяс мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт. Дар маросими кушодашавии он,  ки дар деҳаи Навбаҳори деҳоти ба номи Абдураҳмони  Ҷомӣ  сурат гирифт, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, раисони шаҳри Истаравшан Иброҳим Абдуллозода ва ноҳияи Зафаробод Қодир Арбобов  иштирок доштанд. Бояд гуфт, ки мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифтани ин роҳ рафтуомади сокинони шаҳру ноҳияро беш аз 50 км кӯтоҳ месозад. Барои таъмиру азнавсозии 21,5 километри роҳ аз буҷети вилоят 7,9 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  133 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.

 Ифтитоҳи маркази хизматрасонии бонкӣ

ТУРСУНЗОДА. ( Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,  «Садои мардум»)

Бо супориши раиси  Раёсати БДАҶТ «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода  дар миқёси  кишвар  сохтмони биноҳои замонавии марказҳои хизматрасонии бонкӣ  идома дорад.  Аз ҷумла  дар  кӯчаи  Сомониёни шаҳри  Турсунзода  маркази хизматрасонии бонкӣ  дар бинои наву замонавӣ ба истифода  дода шуд.  Роҳбарияти бонк тасмим гирифтааст, ки  то охири сол шумораи чунин марказҳоро зиёд намояд.

 

Ҳосили дилхоҳ ба даст омад

ПАНҶАКЕНТ. ( Ҳусейни  НАЗРУЛЛО,  «Садои мардум») Картошкапарварони шаҳр имсол дар майдони 1759  гектар  кишт гузаронида, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Айни замон дар хоҷагиҳои деҳқонии «Ба номи Тайлонов», «Қамар», «Меҳнатобод», «Холиқи Муслим», «Чорбоғ-1», «Эл-омон», «Саврак ато» ва дигар хоҷагиҳо ҷамъоварии ҳосили картошка босуръат идома дорад. Пешбинӣ мешавад, ки дар  шаҳри Панҷакент имсол ҳосилнокӣ аз ҳар гектар картошка  беш аз 200 сентнериро ташкил хоҳад дод.

 Ташаббусе, ки лоиқи дастгирист

ФАРХОР. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳия, бо мақсади интихоби дурусти  касб аз ҷониби хатмкунандагон, дар назди муассисаҳои таълимӣ шӯроҳои машваратӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати онҳо  маъмурияти муассисаҳо, омӯзгорони собиқадор ва намояндагони ассотсиатсияи падару модарон  шомиланд.

Таҷриба нишон дод, ки аксари хатмкунандагон донишу малакаи худ ва тавсияҳои холисонаи устодону волидонро ба эътибор нагирифта, ба кадом донишкадаю донишгоҳе, ки рост ояд, таваккал карда, ҳуҷҷат месупоранд.  Пӯшида нест, ки қисмати зиёди ин гуна шогирдон  ҳангоми дохилшавӣ ноком мемонанд,- гуфт зимни ҷаласаи шӯрои машваратӣ мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ғазалшоҳи Сафарзода.

 Таҷлили Рӯзи театри тоҷик

ДУШАНБЕ. (Х.АБДУлВАҲҲОБ, «Садои мардум») Рӯзи театри тоҷик — 7 ноябр дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» ҷашн гирифта мешавад.

Ба иттилои Маркази матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таъмир  театри мазкур дарҳои худро барои мухлисон боз менамояд. Дар ин рӯз нахустнамоиши «Оинаи ду даврон» манзури тамошобинон мешавад, ки ба қалами драманависи шинохта Нур Табаров тааллуқ дорад ва он аз ҷониби Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов рӯи саҳна оварда шудааст. Асар аз ҳаёт ва эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ, муборизаву ҷонталошиҳои вай баҳри нумӯи фарҳанги навини халқи мо, рушду инкишофи он, мақому манзалати забони ноби тоҷикӣ нақл мекунад. Ҳамчунин дар ин рӯз 75- солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ҷашн гирифта мешавад.

Масъули гӯша Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.