Аз бунёди манзил то навсозии неругоҳ

№77 (4817) 19.06.2024

Дар ВМКБ бунёдкорӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид шудааст

Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди як қатор иншоот бомаром идома дорад, ки ба баланд шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, инчунин, соҳиби шуғли шоиста шудани онҳо мусоидат мекунад.

1 (1)Дар шаҳри Хоруғ хонаҳои истиқоматии нуҳошёна дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур — назди бинои Донишгоҳи давлатии Хоруғ бунёд гардида истодаанд. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Усмон Давронов сохта шуда, дар пешбурди корҳои сохтмонӣ ҶДММ «Помир сармоягурӯҳ» саҳмгузор аст. Иншоот аз 189 ҳуҷра иборат буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюми он марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир карда мешавад. Дар сохтмон сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд, ки музди меҳнаташон то 3000 сомониро ташкил дода, бо ҷойи хоб ва се вақт хӯрок низ таъминанд. Сохтмони бинои мазкур соли 2022 оғоз шуда, анҷоми он то Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назар аст.

1 (2)Сохтмони пули калони мошингузари маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ низ бомаром идома дорад. Имрӯз дар бунёди пул 60 сохтмончӣ бо истифода аз ҳашт техникаи муосири роҳсозӣ саргарми кор мебошанд. Пули нав бо паҳ­ноии 15 метр ва дарозии 200 метр сохта шуда, 100 тонна иқтидори борбардорӣ дорад. Баъд аз пайваст шудани ду тарафи соҳил роҳҳои ба пул пайвастшаванда дар масофаи 1 километру 100 метр таҷдид ва чароғон  мешаванд. Пули мазкур аз ҳафт сутунпояю зербино ва ду самти ҳаракати нақлиёт иборат мебошад. Аз ҳар ду ҷониби пул бунёди роҳи пиёдагард ҳамчун эстакада ба нақша гирифта шудааст. Ин лоиҳа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ татбиқ гардида, паймонкори асосӣ ширкати чинии «Чайна роуд энд бридж корпорейшн» мебошад.

1 (3)Илова бар ин, дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ бо ибтикори соҳибкор Мукаррабшо Ноёбшоев бунёди иншооти дилхушию фароғатӣ оғоз шуд. Лоиҳаи ин иншоот аз ҷониби меъморони соҳибтаҷрибаи шаҳри Хоруғ тарҳрезӣ гардида, беҳтарин устоҳо ба сохт­мони он ҷалб шудаанд. Иншооти фарҳангӣ дар масоҳати 1600 метри мураббаъ доман паҳн карда, дар он панҷ намуди бозиҳои атраксионӣ ба роҳ монда мешаванд.

Ҳамчунин, созандагӣ дар бинои асосии НБО-и «Себзор»-и ноҳияи Рошт­қалъа авҷи тоза гирифта, ҳоло 120 муҳандису сохтмончии ватанию хориҷӣ фаъолияти бомаром доранд.

Корҳои бун­ёдӣ ба зиммаи сохт­мончиёни Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Тоҷикгидро­электромонтаж» вогузор шуда, аз аввали фасли баҳор вусъати тоза гирифтааст.

1 (4)Барои бунёди сарбанди неругоҳ то имрӯз зиёда аз 20 миллион сомонӣ сарф шуда, корҳои сохтмонӣ дар ду баст бо истифодаи 50 техникаи пуриқтидор пеш рафта истодааст.

Неругоҳи барқи обии «Себзор» аз 3 агрегат иборат буда, дар сурати пурра мавриди истифода қарор гирифтан 11 мегаватт неруи барқ тавлид мегардад. Сарбанди неругоҳ бо баландии 8,5 ва дарозии 65 метр қомат афрохта, ғунҷоиши обанбори он 250 ҳазор метри мукааб об хоҳад буд. 

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»