Ошёни худшиносӣ

№78-79 (4818-4819) 21.06.2024

Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Ҳисор ба шарофати таҷлили 3000-солагии шаҳри Ҳисор бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 дар маркази ин шаҳри бос­тонӣ қомат афрохтааст.

Дар гӯшаи бостоншиносии осорхона нигораҳоеро метавон дид, ки ҳангоми ковишҳои ҳафриётӣ аз мавзеъҳои таърихии ҳудуди шаҳр пайдо шудаанд. Олоти сангин, маснуоти гуногуни сафолӣ ва заргарӣ зиндагӣ ва ҳунармандии сокинони водии Ҳисорро бозгӯ мекунанд. Ба иттилои роҳнамои осорхона Муҳайёи Қурбон, аз ҳама нигораи нодири ин гӯша табари мисин мебошад, ки таърихи беш аз 5-ҳазорсола дошта, диққати сайёҳон ва меҳмонони осорхонаро бештар ҷалб менамояд.

Гӯшаи этнографӣ, ки бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ оғоз меёбад, диққати ҳар бинандаро ба фарҳанги наҷиби либоспӯшӣ, ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, аз қабили кандакорӣ, кундал, чакан ва ашёи рӯзгор, ҷалб менамояд. Намунаи ҳунарҳои мардумӣ ба фазои бино рӯҳи миллӣ бахшидааст. Либосҳои миллии ин гӯша хоси маҳалҳои гуногуни кишваранд.

Гаҳвораи нимшикаста, ҳамон гаҳворае, ки ҳангоми заминларзаи Шарора сабаби зинда мондани ягона тифлак гашта буд, дар гӯшаи хотираҳо аз заминларзаи Ҳисор ҷо шудааст. Он тамошогарон, хоса насли наврасро ба таърихи пурфоҷиаи начандон дури Ҳисор ошно месозад.

Ҳуҷҷатҳо ва аксҳоро, ки лаҳзаҳои муҳими таърих ва рушди шаҳрро нишон медиҳанд, дар гӯшаи ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва аксҳо дидан мумкин аст.

Гӯшаи дигаре, ки диққати тамошогарони осорхонаро ба худ ҷалб менамояд, гӯшаи зодагони шуҳратёри Ҳисор — устоди зиндаёд, Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири мумтоз Мирзо Турсунзода ва сарояндаи нотакрор Тоҷиддин Муҳиддинов мебошад. М. Қурбон дар бораи Тоҷиддин Муҳиддинов иттилои ҷолиб дод. Соли 1992 зимни сафари ҳунарӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз шунидани чанд суруди Тоҷиддин Муҳиддинов Раисҷумҳури ҳамонвақтаи кишвари ҳамзабон Ҳошими Рафсанҷонӣ бо эҳтироми хос аз ҷой бархоста, кафкӯбӣ мекунад. Мефармояд, ки сурудҳои ин сарояндаи мумтозро дар хазинаи тиллоии радиои Эрон нигоҳ доранд. Боре рӯзноманигоре аз ҳунарпешаи машҳури рус Алла Пугачёва мепурсад: «Шумо ба санъати эстрадаи тоҷик чӣ гуна баҳо медиҳед?» Ҳунарманд чунин посух мегӯяд: «Сарояндае, ки суруди «Эй санам»-ро мехонад, хеле овози ҷаззобу ширадор ва гӯшнавоз дошта, ҳунараш беҳамтост».

Дар маҷмӯъ, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Ҳисорро метавон ошёни худшиносӣ номид.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»