Мувофиқи тағйироти воридгардида ба қонунгузории Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди ин кишвар фаъолият менамоянд, як қатор талаботи нав ҷорӣ карда шудааст. Ҳар шаҳрванде, ки ба Федератсияи Россия сафар мекунад, бояд ба як қатор дастурамалҳо, аз қабили «Пеш аз сафар бидон», «Маслиҳатҳои муфид барои муҳоҷирони меҳнатӣ», «Кор дар хориҷа ва риоя намудани қоидаҳои зарурӣ», «Роҳнамо оид ба касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ», «Патент барои кор дар Федератсияи Россия», «Чӣ гуна бояд соҳиби иҷозатномаи кор шуд?», «Навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия», ки ба нашр расидаанд, ошно шаванд. Дар робита ба ин масъала аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо чунин иттилоъ доданд:
Дар нуҳ моҳи соли равон, дар маҷмӯъ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират 317 вохӯрӣ бо иштироки беш аз 27 ҳазор нафар шаҳрвандон баргузор гардид. Чунончӣ, дар ВМКБ 53 вохурӣ бо иштироки 5412 нафар, вилояти Суғд 126 вохӯрӣ бо иштироки 10500 нафар, вилояти Хатлон 96 вохӯрӣ бо иштироки 4192 нафар, дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 42 вохӯрӣ бо иштироки 6935 нафар доир карда шуд. Дар ин давра шумораи муроҷиаткунандагон ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Точикистон барои гирифтани маслиҳатҳои муфид дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ 52.740 нафарро ташкил дод (ин нишондод дар соли 2013 танҳо як ҳазору 131 нафар буд).
Аз ҷумла ба таври шифоҳӣ 47112 нафар, хаттӣ 528 нафар ва ба воситаи телефон 5100 нафар шаҳрвандон муроҷиат кардаанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 50114 нафарашонро мардҳо ва 2626 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Онҳо бештар оид ба масъалаҳои «Депортатсия», «Гирифтани патент», «Иҷозатнома барои кор», «Муроҷиати бехатар», «Суғуртакунонии муҳоҷир», «Маълумотномаи тиббӣ», «Гирифтани музди меҳнат» ва ғайраҳо муроҷиат кардаанд ва маслиҳатҳои муфид гирифтаанд.
Бояд гуфт, ки аз моҳи январи соли 2014 инҷониб шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ иҷозат барои кор ё патентро дастрас карда наметавонанд, бояд ҳудуди онро тарк намуда, ба кишварҳои Абхазия, Украина, Беларус, Қазоқистон ва давлатҳое, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи дипломатӣ надоранд, сафар накарда, ба кишвари худ бозгарданд. Дар чунин ҳолат шаҳрвандон танҳо баъд аз 90 рӯзи хориҷшавиашон аз ҳудуди Федератсияи Россия ҳуқуқи дигарбора барои фаъолияти меҳнатӣ бозгашт ба ин кишварро доранд. Қаблан чунин талабот ҷой надошт ва шаҳрвандон метавонистанд баъд аз як рӯз аз санаи хориҷшавиашон ба Федератсияи Россия бозгарданд.
Аз якуми январи соли 2015 воридшавӣ ва хориҷшавӣ, инчунин убури транзитии қаламрави Федератсияи Россия аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ, хизматӣ ва дипломатӣ ба роҳ монда мешавад. Хотиррасон мекунем, ки то ин муддат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонистанд аз шиносномаҳои дохилӣ истифода намоянд. Ҳамзамон аз 1 январи соли 2015 барои дастрас намудани иҷозатномаи кор ва патент ҷиҳати ишғоли ҷойҳои корӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия барои шаҳрвандони хориҷӣ санҷиши донистани забони русӣ, таърихи давлат, ҳуқуқ ва фарҳанги он ба роҳ монда мешавад. Танҳо шахсони баландихтисос, маъюбон ва кӯдакони то синни 18-сола аз чунин санҷиш озод мебошанд.
Маълумоти аз ин бештарро дар бораи талаботи нави қонунҳои Федератсияи Россия оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишвар шаҳрвандон метавонанд аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он дар маҳалҳо дастрас намоянд. Онҳое, ки мақсади дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ карданро доранд, аз қонуну қоидаҳои ин кишвар, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ зарур аст, ҳатман бояд огоҳ бошанд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»