Шавкат Собитов, истиқоматкунандаи деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз поруи чорвои маҳаллӣ гази табиӣ истеҳсол намуд, ки дар Осиёи Марказӣ нахустин мебошад.
Маълум шуд, ки гази табиӣ тавассути таҷҳизоти биореактор истеҳсол мешавад. Аниқтараш, дар ҷараёни коркарди поруи бо об омехташуда биогаз тавлид мегардад. Биогази истеҳсолшударо барои пухтани хӯрок ё гарм кардани об истифода бурдан мумкин аст.
Таҷрибаи Шавкат Собитов, ҳамзамон, ба истеҳсоли бионурӣ низ мусоидат мекунад, ки ҳосилхезии заминро дучанд мегардонад. Барои амалӣ намудани таҷрибааш ба Шавкат Собитов Ташкилоти ҷамъиятии «Нексигол-мушовир» кумак кардааст. Ҳоло бо дастгирии ташкилот дар 7 шаҳру ноҳияи мамлакат дастгоҳҳои таҷрибавии истеҳсоли биогаз дастрас ва насб шудааст.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»