ОИД БА РАФТИ ИҶРОИ ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ»
20-уми июни соли 2024 дар Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ роҷеъ ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи зикршуда вакили Маҷлиси намояндагон Ғайрат Азиззода иброз намуд, ки парлумони касбӣ дар таърихи навини давлатдорӣ яке аз шохаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии Тоҷикистон туфайли қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва такмилу таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ саҳми бориз дорад. Фаъолияти ин ниҳоди олии қонунгузор вобаста ба дигар шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ мутобиқ шуда, барои танзими муносибатҳо дар ҳама самтҳои хоҷагии халқи кишвар ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии сиёсати давлат — таъмини сатҳи шоистаи зиндагӣ мусоидат менамояд.
Зикр шуд, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 17 майи соли 2004 қабул гардида, тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро танзим мекунад. Қонуни конститутсионии мазкур аз 5 боб ва 41 модда иборат буда, ба он 11 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Аз риояи қонуни конститутсионии мазкур тараққиёти иҷтимоӣ ва иқтисодии маҳал, аз ҷумла буҷет, молия, идораи амволи давлатӣ, истифодаи оқилонаи замин, сохтмон, фарҳанг, умуман, тамоми соҳаҳо, вобастагӣ доранд.
Дар робита ба ин вакилон дар мақомоти давлатии дахлдор суҳбат гузарониданд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки иҷрои ин қонуни конститутсионӣ баъзе мушкилиҳо дорад. Аз ҷумла, ихтилофи марказ ва маҳал. Таъкид шуд, ки мушкилиҳои ҷойдошта танҳо дар ҳамбастагии Парламент бо мақомоти давлатии дахлдор бартараф мешаванд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки амалӣ гаштани пешниҳодҳои вакилон ба фаъолияти самаранок ва бонизоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат хоҳад намуд. Ҷиҳати фаъолияти самараноки мақомоти маҳаллӣ зарур аст, ки ба қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти зарурӣ ворид карда шаванд.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддин Давлатзода, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода, муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию комунналӣ» Раҷабалӣ Расулзода ва сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Асомиддинзода маърӯза намуданд.
Дар интиҳо қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул гардид.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ