Соли таҳсил дар тамоми муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба анҷом расида, таътили тобистона оғоз шуд.
Аз 15 июни соли равон басти якуми мавсими истироҳати тобистона дар фароғатгоҳҳои “Сағирдашт”-и ноҳияи Дарвоз, “Зинг”-и ноҳияи Ванҷ, “Саодат”, “Насим” — и ноҳияи Шуғнон ва “Шабдез”-и ноҳияи Роштқалъа шурӯъ мегардад. Омодагиҳо дар истироҳатгоҳҳои мазкур барои қабули хонандагон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои онҳо идома доранд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер бо шароити истироҳатгоҳҳои вилоят шинос шуда, баҳри ба талаботи замон ҷавобгӯ намудани майдончаву толорҳои варзиш, китобхонаву ошхона, ҷойи хоб ва ҳуҷраҳои кории табибон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»