Барқияи тасаллият

№81-82 (4821-4822) 24.06.2024

Стандарти Садои мардум Путин24-уми июни соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти ­Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Мо дар Тоҷикистон хабари фоҷиабори ҳамлаи золимонаи террористӣ дар шаҳрҳои Махачқалъа ва Дарбентро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоиштаи Федератсияи Россия гардид, бо андуҳи амиқ дарёфтем.

Тоҷикистон, ки беш аз 30 сол боз бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм мубориза мебарад, ин амалкарди ғайриинсонии зӯровариро дар Доғистон қотеъона маҳкум карда, аз ҳамкории фаъолона дар мубориза бо терроризм ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аъзои онҳо мебошанд, ҷонибдорӣ менамояд.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо, наздикону пайвандони фавтидагон ва ба тамоми мардуми Россияи дӯст тасаллияти амиқу ҳамдардии самимӣ изҳор менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонам».

www.prezident.tj