22 июни соли 2024 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дар чорабинӣ бахшида ба 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Маҳдумқулӣ Фароғӣ, ки аз ҷониби Туркманистон баргузор гардид, дар реҷаи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҳар як фарҳанг арзишҳои худро дошта, онро беназир мегардонад. Аз ин лиҳоз, арзишҳои фарҳангӣ барои мардум ва миллат, идеалҳои миллӣ ва таърих аҳамият доранд.
Эҷодиёти Маҳдумқулӣ Фароғӣ ҷузъи муҳими ташаккули ҳувияти миллӣ буда, номбурда асосгузори назми классикии туркман маҳсуб меёбад. Мероси эҷодии ӯ саҳми дурахшон ва аслии халқи туркман ба маданияти ҷаҳонӣ мебошад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, аз сатҳи ҳамкории байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати густариши ҳар чӣ бештари ин равобитро таъкид карданд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ