Аз 17 то 21 июни соли ҷорӣ ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ ба Гурҷистон сафари корӣ анҷом доданд.
Ҳадафи сафар мубодила ва омӯхтани таҷриба оид ба баробарии гендерӣ, баланд бардоштани иқтидори ҷавонон барои пешбурди баробарии гендерӣ дар ҷомеа, инчунин, сатҳи огоҳии онҳо оид ба амнияти гендерӣ ба ҳисоб мерафт.
Намояндагони Тоҷикистон, ҳамзамон, бо фаъолияти Парламенти Гурҷистон, котиботи ҳуқуқи башари маъмурияти Ҳукумати Гурҷистон, Агентии ҷавонон, Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон, Ассотсиатсияи рушди ҷавонон ва маориф, Шурои миллии ташкилоти ҷавонон ва Донишкадаи сиёсии Гурҷистон оид ба баробарии гендерӣ ва пешбурди сиёсати ҷавонон шинос шуданд.
Дар доираи сафар Мавсума Муинӣ бо муовини Раиси Парламенти Гурҷистон Нино Силосанӣ мулоқот намуд.
Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ барои таҳкими равобити дӯстонаи байни ҳар ду кишвар дар солҳои минбаъда саъю талоши бештар ба харҷ хоҳанд дод.
Дар идомаи суҳбат зикр шуд, ки ҷавонони тоҷик ҳамчун неруи бузурги созанда эътироф шуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи онҳо ва соҳиб шудан ба касбу ҳунар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Иброз гардид, ки занону бонувони тоҷик дар мақомоти олии намояндагӣ, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин, сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногун ҳиссаи арзанда доранд.
Таъкид гардид, ки дар солҳои истиқлолият барои аз байн бурдани қолабҳои гендерӣ ва таъмини сиёсати самарабахши гендерӣ корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Ба шарофати фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа», «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарии мардон ва занон ва имкониятҳои баробар барои татбиқи онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавқеи занон дар мамлакат хеле боло рафт.
Зимни мулоқот изҳори боварӣ шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Гурҷистон дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ