Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бархӯрдорӣ аз арзишҳои миллӣ ва ҷавобгӯ будан ба тамоми ниёзҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоссаеро касб намудааст. Тавре ки Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Боиси ифтихор аст, ки қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда мебошад».
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 20 соли гузашта ба бархӯрдҳои гуногуне рӯ ба рӯ шуд, вале бо ташаббусу талошҳои бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама нишебу фарозҳо устувору пойдор ва ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ боқӣ монд.
Як бахши ҳаётан муҳими кишварро робитаҳои хориҷии он ташкил медиҳад. Халқи Тоҷикистон ҳамчун рукни ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари соҳибихтиёрӣ ва дарку эҳтироми арзишҳои миллӣ боз ниёз ба риояи қонуну меъёрҳои байналмилалӣ дорад. Дар робита ба ин, дар моддаи 10-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид шудааст : «Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд». Моддаи мазкур, аз як тараф, ишора ба бахши ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ будани халқи Тоҷикистон намуда, аз тарафи дигар, ба ҷаҳониён шиори шайх Саъдӣ «Бани Одам аъзои якдигаранд»-ро эълом медорад. Амалигардонии ҳамин қонуну меъёрҳост, ки имрӯз Тоҷикистон ба унвони кишвари демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва шинохта шуда, бо давлатҳо ва созмонҳои гуногуни олам робитаи хубу мутақобилан судманд барқарор намудааст.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон нозуктарин нуктаҳои муносибати дохилию хориҷии кишварро фаро гирифта, тибқи бандҳои 1 ва 2-юми моддаи 69-уми он Президенти кишвар;
«1. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад:
2.Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад».
Ҳамин аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хориҷии санҷидаву хирадмандонаи хеш барои густариши беҳтари равобити кишвар бо давлатҳои гуногуни олам ва созмонҳои байналмилалӣ заминаи муносиб ва шароиту имкониятҳои комилан созгор фароҳам оварда, кумаку дастгирии худро аз кормандони бахши дипломатӣ ва сохторҳои давлатию ҷамъиятие, ки масъули барқарории равобити хориҷии судбахш ҳастанд, дареғ намедорад.
Воқеан, ин ҳама дастгирию кумак ва раҳнамоии Президенти кишварро ҳар корманди бахши дипломатии ҷумҳурӣ эҳсос менамояд. Барои мисол метавон намунаеро аз робитаҳои Ҷумҳурии азизамон-Тоҷикистон бо кишвари Туркия овард, ки аз нигоҳи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ беш аз пеш беҳтар гашта истодааст. Аз ҷумла дар се соли охир ҳаҷми гардиши мол миёни ин ду кишвари ба ҳам дӯст чанд баробар афзоиш ёфта, соли 2013 то ба 656 млн. доллар расидааст.
Гузашта аз ин, бо саъю талоши Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия мардуми Туркия бо дастовардҳои Тоҷикистон дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, сиёсӣ ва илмию фарҳангӣ бештар ошно шуд ва Тоҷикистон барои эшон ба унвони кишвари барои сармоягузорӣ муносиб муаррифӣ гардид.
Робитаи байни ин ду кишвари дӯст танҳо бо сармоягузориҳо ва додугирифтҳои тиҷоратӣ маҳдуд намегардад. Ин ду кишвар дар бахшҳои илму маориф ва омода намудани кадрҳои баландихтисос низ ҳамкории назаррас доранд. Чунончӣ, дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Туркия ҳоло беш аз 400 нафар донишҷӯёни тоҷик ба таҳсили илм машғуланд, ки дар оянда барои боз ҳам пешрафтатар гаштани кишвари азизамон саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки обрую эътибор ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад, зеро маҳз ин шаҳодатномаи миллат тамоми заминаҳои ҳуқуқиро барои давлат ва шаҳрвандон дар дохилу хориҷи кишвар таъмин менамояд.
Ф.Ҳ.Шарипов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия