Тоҷики ваҳдатофар дар оғози асри XX

№83-84 (4823-4824) 26.06.2024

IMG_0001Зарурати таърихӣ шахсиятҳои таърихиро ба вуҷуд меорад. Агар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар афканем, мебинем, ки дар шароити душвори давлатдорӣ шахсиятҳое зуҳур кардаву таърихсозӣ намудаанд. Масалан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ниҳоят ҳассоси давлатдории миллӣ роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, барои пойдории ваҳдати миллӣ ва барқарор намудани сулҳ ҷонбозиҳо карданд ва имрӯз мардуми тоҷик дар фазои оромии комил кору зиндагӣ доранд.

Ҳамон гунае, ки истиқлоли давлатӣ барои мо осон ба даст наомадааст, ташкили давлати Тоҷикистон низ дар солҳои 20-уми асри гузашта бо ҷонбозиҳои фарзонафарзандони тоҷик муяссар шуд. Мутаассифона, таърих борҳо миллати моро бо ҳодисаю воқеаҳои мудҳиш имтиҳон кардааст. Хушбахтона, миллати сарбаланди мо бо роҳнамоии фарзонафарзандонаш аксаран ғолиб шудааст.

Нусратулло Махсум аз зумраи фарзандони фарзонаи миллат мебошад, ки барои ташкили Тоҷикистон (солҳои 20-уми асри гузашта) кӯшиши зиёд кардааст. Ӯ, ҳамчун роҳбари ҷумҳурӣ бо ҳаммаслаконаш барои мустақил шудани кишвар дар ҳайати ИҶШС зиёд талош кардаву муваффақ шудааст. Пас аз мустақил шудани кишвар, соли 1929 Нусратулло Махсум барои таъсис ва ташаккули сохтори давлатӣ талош намуд, ки дар натиҷа бинову иншооти зиёди стратегӣ дар пойтахти навбунёди кишвар — шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Муаррихон фаъолияти сиёсию роҳбарии Нусратулло Махсумро  ба се давра тақсим кардаанд. Аз ҷумла, номзади илми таърих Абдулло Ғафуров давраи аввали роҳбарии ӯро аз соли 1920 то соли 1924 арзёбӣ намудааст.  Дар ин муддат Нусратуло Махсум ба сафи ҳизби болшевик шомил гашта, аввал ҳамчун роҳбалади Артиши Сурх ва баъд дар вазифаҳои масъули раиси комиссияи озуқаи кумитаи инқилобии вилояти Ғарм, раиси кумитаи инқилобии вилояти Ғарм, раиси комиссияи фавқулодаи диктатории Бухорои Шарқӣ ва раиси кумитаи иҷроияи вилояти Бухорои Шарқӣ фаъолият намуда, моҳияти сохти навро ба хубӣ дарк мекунад ва ҳамчун сиёсатмадор рушд менамояд. Давраи дуюм солҳои 1924-1929-ро дар бар гирифта, дар ин муддат ӯ ба ҳайси роҳбари ҷумҳурии мухтор, бо вуҷуди муборизаи сахт бо ҳаракати мухолифин, тамоми донишу маҳорати худро ба ду самт – ба ҷумҳурии мустақил табдил додани Тоҷикистон ва хотима бахшидан ба муборизаҳои яроқнок сафарбар менамояд. Давраи сеюм солҳои 1929-1933 буда, ин муддат дар ҷумҳурӣ асосҳои сохти нави давлатдорӣ пурра бунёд мешаванд ва меҳнаткашон ба ҳаёти осоишта оғоз мекунанд.

Муаррих солҳои сарварии Нусратулло Махсум дар Тоҷикистонро давраи гузарондани маъракаҳои бузург,  таъсиси органҳои нави идора дар шакли шуроҳо ва кумиҷроияҳо, бозгардонидани фирориён ва ташвиқу таблиғи моҳияти ҳокимияти шуравӣ, ҷалби занон ба корҳои идоракунии ҳокимият ва меҳнати ҷамъиятӣ, бунёди иқтисодиёт дар шакли нав, бунёди иншооти обӣ, анҷом додани муқовимати мухолифин, бунёди роҳи оҳан ва шабакаи васеи роҳҳои автомобилгард, маҳви бесаводӣ ва созмон додани мактабҳову курсҳои гуногуни касбомӯзӣ, ривоҷи васеи пахтакорӣ ва ғайра арзёбӣ кардааст.

Воқеан, хизматҳои Нусратулло Махсум барои сарҷамъиву муттаҳидии миллати тоҷик ва ташаккули давлати Тоҷикистон беназир аст.

Чанде пеш як дӯст аксе фиристод, ки дар он Нусратулло Махсум бо  ду нафар инъикос ёфтааст. Акс кадом сол гирифта шудааст, дақиқ нест, аммо метавон тахмин кард, ки ба охири солҳои 20 ва аввали солҳои 30-юми асри гузаш­та рост ояд.

 Дар сурат Нусратулло Махсум болои курсӣ нишаста, дар тарафи чап Шодӣ Раҷабов ва аз тарафи рост Рашид Раҳимов акс ёфтаанд. Бино ба гуфти наздикони Шодӣ Раҷабов ва Рашид Раҳимов, сурат дар рафти яке аз сафарҳои Нусратулло Махсум ба шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) гирифта шудааст. Шодӣ Раҷабов ва Рашид Раҳимов аз роҳбарони солҳои 1920 -1930-юми шаҳри Истаравшан буда, барои рушду нумуи ин гӯшаи диёр хизматҳои зиёд намудаанд. Дар ду паҳлу гирифтану акс бардоштан нишонаи таваҷҷуҳи роҳбари ҳамонвақтаи кишвар Нусратулло Махсум ба онҳост.

Шодӣ Раҷабов аз соли 1918 дар вазифаҳои гуногуни ҳизбӣ, аз ҷумла нахустин раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Ӯротеппа, фаъолият карда, солҳои 1933-1937 ба ҳайси раиси колхози ба номи Молотов кор мекунад. Баъдан, сардори идораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Ӯротеппа буда, дар ободонии шаҳр саҳм мегузорад. Номбурда соли 1941 дар 48-солагӣ аз дунё мегузарад. Ҳарчанд Шодӣ Раҷабов умри дароз надида бошад ҳам, аммо барои обод намудани як гӯшаи диёр саҳми зиёд гузоштааст. Фарзандонаш низ кори ӯро давом дода, дар вазифаҳои гуногун ба халқу Ватан хизмат кардаанд.

Рашид Раҳимов низ зодаи шаҳри Истаравшан буда, барои беҳбуди зиндагии халқ кӯшишҳои зиёд намудааст. Ӯ солҳои зиёд дар идораҳои гуногуни соҳаи савдо фаъолият намуда, аз худ номи нек боқӣ гузоштааст…

Расми муштараки Шодӣ Раҷабов ва Рашид Раҳимов бо Нусратулло Махсум имрӯз боиси ифтихори пайвандони онҳост.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» як мақоларо пурра ба ҳаёту фаъолияти Нус­ратулло Махсум бахшидаанд. Пешвои миллат аз ҷумла, зикр кардаанд, ки «Дар вазъияти ниҳоят ҳассосу мушкил дар сафи аввалин фарзандони сарсупурдаи халқи тоҷик ба мубориза бархостани Нусратулло Махсум нишонаи ватандӯсту ватанпарасти асил будани ӯ мебошад. Талошҳои ӯ, пеш аз ҳама, дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян гардидани марзу буми имрӯзаи он ва шинохти миллати тоҷик беназир аст, зеро дар он солҳои ҳассосу тақдирсоз бадхоҳони миллати тоҷик намехостанд, ки халқи мо соҳиби ҷумҳурии худ гардад. Аз ин рӯ, Нусратулло Махсум ба ҳайси яке аз роҳбарони ҷумҳурӣ бо ҷасорати фавқулода ва шуҷоати сиёсӣ барои тақсимоти одилонаи ҳудудӣ, муайян намудани шахсияти миллии мардуми тоҷик мубориза бурда, кӯшиш намуд, ки тоҷикон ҳамчун яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва дорои таъриху фарҳанги чандинҳазорсола эътироф шаванд. Хидмат ва кӯшишу ҷонбозиҳои ҳамин гуна фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти миллати тоҷик буд, ки имрӯз давлати мо соҳиб­истиқлол гаштааст. Дар таърихи худшиносии миллати тоҷик номи чунин фарзандони барӯманд бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, дар хотири мардум абадӣ хоҳад монд».

Роҳбари давлат дар идома аз иқдомҳои давлат оид ба абадӣ гардондани номи неки Нусратулло Махсум ёдовар шуда, зикр кардаанд, ки «Бигузор, номи нек ва кору пайкори мардонаи ӯ, ки танҳо ба манфиати миллати тоҷик ва давлати тоҷикон буд, барои наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон сабақи зиндагӣ ва корномаи ӯ дар рушди давлату миллатамон ва барои дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон намунаи ибрат бошад».

Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни Нус­ратулло Махсумро 27 июни соли 2006, дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадр карданд. Дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ қадрдонӣ намудани фарзонафарзанди миллат Нусратулло Махсум, ки барои сарҷамъии халқи тоҷик дар замони ҳассоси солҳои 20-30-юми асри гузашта заҳмат кашидаву дар ин роҳ ҷонашро аз даст дод, мантиқист, зеро ӯ низ ваҳдатофар буд.

Абдуҷаббор УМАРЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон