«Ман ба шумо сулҳ меорам»

№83-84 (4823-4824) 26.06.2024

Сухани муҳиме, ки дар вақти зарурӣ, хеле самимӣ ва бо боварӣ гуфта шуд

685-700 [Оригинальный размер]Ҳодисаҳое, ки ҳоло дар гӯшаҳои гуногуни дунё рух медиҳанд, махсусан ҷангу хунрезиҳо дар Украина, Шарқи Миёна ва Афғонис­тони ҳам­сояи мо, бори дигар исбот мекунанд, ки тоҷикон 27 сол пеш – 27 июни соли 1997 ба чӣ кори муҳим ва нодире муваффақ гардидаанд.

Воқеан, дар дунё ҷангу хунрезиҳо кам нестанд, ки ҳатто то ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон идома доштанд ва ҳоло ҳам тамом нашудаанд. Дур наравем, ҳамин Афғонистонро мисол биёрем, 45 сол аст, ки дар он кишвар оромӣ нест. Ҳамчуноне, ки сабабу баҳонаҳо сабабгори ҷанг мегарданд, бояд барои сулҳу оромиш ҳам омили муҳиме пайдо гардад.

Тоҷикистон чунин як омили нодирро дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кард. Он кас аз лаҳзаи аввали ба сари қудрат омаданашон бо итминони комил гуфтанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам» ва мардум ба ин гуфтаҳо бовар карданд, зеро ин сухани муҳим дар вақти зарурӣ, хеле самимӣ ва бо боварӣ гуфта шуд. Аз ҷониби дигар, ин ҳарфҳоро он замон як сиёсатмадоре гуфт, ки ҳамагӣ чил сол дошт. Азбас­ки дар рафтору гуфтораш одамон бозингариву найранги сиёсиро надиданд, ба ӯ эътимод карданд.

Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муроҷиат намуда, аз рӯзҳои аввал дар бораи имкониятҳои воқеӣ суҳбат мекарданд, на кадом афсонаҳои амалинашаванда мисли сиёсатмадороне, ки мамлакатро ба ҷанг рӯ ба рӯ карда буданд. Аз ҷумла, дар лаҳзаҳои аввали кор гуфтанд: «То даме ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеҷ гуна кумаку мусоидатҳои кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба Ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизамон содиқона меҳнат мекунам».

Аз рӯи ҳисобҳо он вақт 35 723 хона дар натиҷаи ҷанг хароб гардида, аз ин 21740 хона пурра вайрон шуда буд. Дар минтақаҳои ҷангзада қариб ягон иншоот боқӣ намонд — на мактабу беморхона ва на корхонаҳои аз замони шуравӣ боқимонда. Дар маҷмӯъ, зарари ҷангро беш аз 10 миллиард доллари ИМА ҳисоб карда буданд. Аз ҳама мудҳиштар он буд, ки дар натиҷаи ҷанг беш аз 150 000 нафар кушта шуда, ҳазорон нафар занону духтарон бадбахту ҳазорон тифл ятим монданд. Ҳамчунин, зиёда аз як миллион ҳамватани мо маҷбур аз Ватани худ рӯ ба гурез оварданд. Дар ин ҳолат ҳам Пешвои миллат бо суханони самимона таваҷҷуҳи мардумро ба худ ва ояндаи Ватан ҷалб карда тавонистанд: «Бародарону хоҳарони дур аз Ватан, ба Ватан баргардед. Мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем, аммо як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як коса обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактабатон ва хешовандону наздиконатон интизор аст».

ЭМОМАЛИ РАХМОН 3Баргардонидани ҳамватанони муҳоҷир бе музокирот бо роҳбарони мухолифин имкон надошт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи аввали сари кор омаданашон дар пеши худ роҳҳои расидан ба сулҳу ваҳдатро мақсад гузошта буданд. Дар натиҷа, музокирот бо мухолифин аз моҳи апрели соли 1994 дар пойтахти Россия сар шуд. Он замон шумораи ками одамон ба натиҷаҳои ин гуфтугӯи оғозгардида бовар доштанд. Ба мавзуъ танҳо вақте ҷиддӣ мутаваҷҷеҳ шуданд, ки соле пас Пешвои миллат барои гуфтушунид ба Афғонистони ҷангзада раҳсипор шуданд. Ҳарчанд, ҳамон тавре шоҳидон нақл мекунанд, аксарият — на аъзои Ҳукумат ва на ҳукуматдорони кишварҳои беруна барои ин сафар маслиҳат намедоданд. Танҳо муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон буд, ки гуфт: «Ҷони худамро қурбон мекунаму аз роҳ барнамегардам!».

Маҳз ҳамин устувории Пешвои миллат дар мавқеъ ва ақида сабаб гардид, ки 27 июни соли 1997, пас аз 8 даври музокироти ҷонибҳо дар кишварҳои гуногун, ниҳоят Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Аммо масъалаҳои вобаста ба сулҳу салоҳ бо ин тамом намешуд, зеро раванди сулҳсозии Тоҷикис­тон аз ду давра иборат буд. Аввал, раванди музокироти сулҳ буд, ки аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 идома ёфт. Дуюм, фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, ки аз июли соли 1997 оғоз шуда, мушкилоташ аз даври музокирот ҳам кам набуд. Бо вуҷуди душвориҳои пешомада Комиссияи оштии миллӣ, ҳамон тавре дар низомномааш зикр шуда буд, бояд то интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000 фаъолияташро идома медод. Ҳамин тавр, 31 марти соли 2000 Пешвои муаззами миллат аъзои Комиссияи оштии миллиро қабул карда, ба онҳо миннатдорӣ баён намуданд ва ҳамон рӯз дар хусуси анҷом ёфтани рисолати ин ниҳод Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуд.

Албатта, гуфта наметавонем, ки бо ин мушкилоти асосии вобаста ба сулҳу ваҳдат ба охир расид. Масъа­лаҳои барқарории сулҳ то чандин соли дигар идома ёфтанд. Аммо муҳим он аст, ки Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба кишвари амн ва рӯ ба рушд табдил ёфта, мардум ба ояндаи дурахшони мамлакат бовар пайдо кард. Ин барои як давлати мустақил омили бисёр муҳим аст.

Қутбиддин МУМИНЗОДА,

судяи Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон