Паёми табрикии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

№85 (4825) 01.07.2024

Рустамшаҳри Душанбе, 27-уми июни соли 2024

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Сокинони азизи пойтахт!

Бо самимияти беандоза ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику шодбош мегӯям.

27 июни соли 1997 пас аз талош­ҳои панҷсолаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки нодиртарин дастоварди миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Мо бояд хуб дарк намоем, ки таҷрибаи сулҳофарии мардуми тоҷик — тавассути хиради азалӣ, афкори солим ва андешаи сулҳҷӯёнаи хеш тавонист алангаи оташи ҷанги таҳмилиро хомӯш, давлатро аз нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот диҳад, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Маҳз, бо дарки масъулияти сулҳу субот ва оромии ҷомеа — заминаҳои давлатдории миллӣ ва пойдевори мустаҳками истиқлоли давлатӣ гузошта шуда, ба марҳилаи нави раванди эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди устувори иқтисодии кишвар оғоз бахшида шуд.

Маврид ба зикри хос аст, ки истиқлолу озодӣ ва сулҳу ваҳдат азизтарин неъматҳои дунё, рукни асосии давлатдорӣ ва кафили зиндагии шоистаи ҳар як фарди хушбахту соҳибватан мебошад.

Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас мебошад ва мову шумо дар ҳамбастагӣ бо шаҳрвандони бонангу номуси кишвар бояд ин неъматро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Кулли ҳамватанон ва сокинони пойтахти кишварро бори дигар бо ин санаи таърихӣ ва ҷашни миллӣ сидқан табрик намуда, ба онҳо саломатию хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромии пойдорро орзумандам.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!