Истироҳатгоҳҳои ВМКБ ба фаъолият оғоз намуданд

№ 01.07.2024

Дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон калонтарин истироҳатгоҳҳои вилоят – «Шабдез» ва «Саодат» бо қабули зиёда аз 200 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳо аз тарафи роҳбарияти ВМКБ ва дигар идораву муассисаҳои маҳаллӣ шароиту имкониятҳои нав фароҳам оварда шудааст.

Истироҳатгоҳи «Шабдез», воқеъ дар мавзеи Анҷини ноҳияи Роштқалъа, соли равон аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ғайр аз хобгоҳу ошхонаи нав дар он барои истироҳаткунандагон синфхонаҳои муосири омӯзиши забонҳои англисиву русӣ, технологияи компютерӣ, майдони варзиш, толорҳои хониш ва бозиҳои шоҳмоту тенниси рӯи миз, ҳавзи шиноварӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар шароити зарурӣ мавҷуд аст.

Ба иттилои масъулини истироҳатгоҳ, дар навбати аввал ба истироҳату фароғат толибилмоне ҷалб шуданд, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд.

Истироҳатгоҳи «Саодат» — и ноҳияи Шуғнон низ имсол бо чунин шароиту имкониятҳо таъмин шуда, ҳар ду истироҳатгоҳ аз 20 июни соли равон ба қабули ҷавонону наврасон оғоз намуданд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»