Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Атиқуллоҳ Атифмал

№125-126 (3271-3272) 28.10.2014

Дар мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Атиқуллоҳ Атифмал доираи васеи масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкории минтақавии Тоҷикистону Афғонистон, ки метавонад иқтидори транзитии ҳар ду кишварро бамаротиб афзун намояд, зоҳир гардид. Аз ҷумла масоили вобаста ба тезонидани татбиқи лоиҳаҳои хатти барқии CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва ҳамчунин бартарафсозии мушкилоти тиҷоратию транзитии минтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор дошт.

Ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

www.president.tj