Пошхӯрии оилаҳо

№86 (4826) 03.07.2024

Проблемае, ки ҳалли он чораандешиҳои ҷиддию қатъиро мехоҳад

scale_1200 — копияРаёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар се моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 301 ҳолати бекор кардани ақди никоҳро ба қайд гирифтааст. Нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 618 ҳолат кам мебошад, вале масъала ҳанӯз ҳам ташвишовар боқӣ мемонад.

Пошхӯрии оилаҳо дар ҷомеаи мо мушкили нав нест. Барои бартараф намудани он то имрӯз сохторҳои марбута тадбирҳои зиёд андешиданд. Чунончи, ба ин мақсад, соли 2015 дар Тоҷикистон «Соли оила» эълон шуд. Аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила бахшида ба «Соли оила» Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо Қарори Ҳукумати кишвар қабул гардид, ки дурномаи сиёсати давлатро дар самти таҳкими оила муайян месозад, аммо рақамҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ин самт ҳанӯз натиҷаҳои дилхоҳ ба даст наомадааст.

Ташвишовар он аст, ки пош хӯрдани оила оқибатҳои ногувор дошта, дар ҷомеа мушкилоти дигарро ба миён меорад. Вақте ҳамсарон аз ҳам ҷудо мешаванд, эҳтиромашонро миё­ни ­аъзои хонавода гум мекунанд ва ҳолати равониашон хароб мегардад.

 Мушкили дигар он аст, ки бисёр оилаҳо бо ҷангу ҷидол ҷудо мешаванд ва ин ҳолат аз нигоҳи равоншиносӣ барои кулли аъзои оила — падару модар ва кӯдакон таъсири манфӣ мегузорад.

Сайфиддин Расулов, равоншинос, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон, оиларо яке аз ниҳодҳои асосӣ ва муҳимтарини шахсиятсоз арзёбӣ намуд: «Миёни ниҳодҳое, ки ба шахсиятсозии инсон сарукор доранд, оилаи солим мавқеи меҳвариро ишғол мекунад. Аввалин иҷтимоишавии кӯдак маҳз аз оила оғоз мешавад ва раванди минбаъдаи ҳаёти инсон аз муносибате, ки дар оила бо ӯ доштанд, вобастагии зиёд дорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки роҳи ҳаёти оилавии ҳама яксону ҳамвор нест, бо сабабҳои гуногун баъзан оилаҳо пош мехӯранд, ки дар натиҷа муҳити носолим пайдо мешавад ва ин ба ояндаи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад».

Нафароне, ки дар оилаи солим ба воя мерасанд, табиист, ки аз оила ҳамеша ва ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Онҳо муҳимтарин арзишҳои инсонӣ ва фарҳанги оиладориро маҳз аз муҳити солими оила аз худ менамоянд, дар зиндагии босаодати худ ва ҷомеа саҳм мегузоранд. Оилаи солим бошад, оилаеро меноманд, ки дар он падару модари кӯдак бо ҳам зиндагӣ мекунанд, дар ба камол расондани фарзандон саҳми баробар доранд, мушкилоти зиндагии хешро бо ҳам бартараф менамоянд.

 Сабоҳат Рустам, мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суҳбат гуфт, ки ҳоло хушунати хонаводагӣ, камбизоатӣ, дахолати шахсони сеюм ва хиёнат аз омилҳои асосии пошхӯрии оилаҳо мебошанд. Ба гуфти ӯ, кумита ва сохторҳои он, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолият доранд, барои пешгирии ин раванд миёни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. «Ҳамасола бо талоши кормандони соҳа ва мақомоти судӣ (тавассути муҳлат додан) чандин оилаҳо аз ҷудо шудан эмин мемонанд. Баъзан ба кумита ва мақомоти судӣ аз номи занон муроҷиат ворид мегардад, ки аллакай мард ба зан талоқи мусулмонӣ додааст. Табиист, ки дар ҳолатҳои мазкур на кумита ва на мақомоти судӣ бо чунин оилаҳо корбарӣ карда наметавонанд», — афзуд номбурда.

Омӯзиши мавзуъ нишон дод, ки баъзе оилаҳо, махсусан оилаҳои ҷавон, бо сабаби ночизе аз ҳам ҷудо мешаванд, ки инро далели омода набудани ҷавонон ба зиндагии ­мустаъқилона метавон шумурд.

- Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои хонандагони синфҳои 10 фанни «Маърифати оиладорӣ» ба барномаҳои таълимӣ ворид гардид. Инчунин, баҳри таъмини солимии оила ва ҷомеа вобаста ба никоҳи хешутаборӣ ва муоинаи тиббии издивоҷкунандагон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуд, — изҳор дошт Сабоҳат Рустам.

Бояд гуфт, ки пошхӯрии оилаҳо дар кишвари мо мушкилоти нав ҳам набошад, солҳои охир ба яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа табдил ёфта, тадбир­андешиҳои мақомот ва масъулин дар самти пешгирии ин зуҳурот натиҷаҳои дилхоҳ камтар дошт. Аз ин рӯ, коршиносон барои ҳалли ин проблема ё кам намудани шумораи ҷудошавии оилаҳо роҳандозии чораҳои ҷиддитар ва ­қатъиро зарур мешуморанд.

Агар хоҳем фарзандонамон солим ба воя расанд, аз арзишҳои инсонӣ бенасиб намонанд, бунёдкору ватандӯст бузург шаванд, бояд бо истифода аз ҳама роҳу воситаҳо пеши роҳи ҷудошавии оилаҳоро гирем. Зарур ва ногузир аст, ки дар ҳалли ин мушкил на танҳо сохторҳои алоҳида, балки тамоми ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Марҷона СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»