Соли равон барои таъмири муассисаҳои таълимию томактабии вилояти Хатлон аз ҳисоби буҷети вилоят 54,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 11 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тавре муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бобоназар Давлатов иброз намуд, 50,2 миллион сомонӣ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ ва 4,3 миллион сомонӣ барои муассисаҳои томактабӣ пешбинӣ шудааст.
Номбурда афзуд, ки то ин вақт 22,3 миллион сомонӣ ҷудо гардида, маблағи боқимонда марҳила ба марҳила ҷудо мешавад.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»