Роҳовард

Ватан – сарчашмаи бахту саодат

№86 (4826) 03.07.2024

Rudaki_Tomb_in_Panjkent — копияНоҳияи Айнӣ. Роҳе печ дар печ. Фондарёи саркашу тӯфонӣ. Кӯҳҳое сокиту пур аз роз ва сар ба афлок барафрохта. Мардуме, ки хонаҳое аз санг дар сангистон сохтаанд. Чашмаҳое аз дили санг ҷӯшида мебароянд, дарахтон реша дар санг доранд. Дар домани кӯҳҳо чаманҳое сабз ба чашм мерасанд, ки ба дил фараҳ мебахшанд. Мошини мо сӯи рӯди Зарафшон меравад, Фондарё раҳнамои мост. Мо меравем, рӯд ҳам меравад, аз тамошои манзараҳои пурасрори кӯҳистон ба ваҷд меоем, Фондарё ҳам беқарорӣ мекунад, печутоб мехӯрад, мерақсад, месарояд.

Ба Зарафшон мерасем. Рӯди Фон худро ба оғӯши Зарафшон меандозад. Онҳо чун ошиқу маъшуқ бо ҳам мепечанд, сармасту сархуш роҳи худро идома медиҳанд.

Бояд ба шаҳри Панҷакент равем ва дар маҳфили адабию фарҳангии адиб, рӯзноманигор, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи нависандагон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Абдурауф Муродӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ватан — сарчашмаи бахту саодат» баргузор мегардад, ширкат варзем, бо ҳаёти фарҳангию иҷтимоии шаҳр ошно шавем.

Зарафшон роҳнамою ҳамсуҳбати хуб аст, моро ба деҳаи Дардар мебарад, ба зодгоҳи Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ устод Гулназар Келдӣ. Шоире, ки умре ишқи Ватанро шеър сохт, муҳаббатро тараннум намуд, ошиқона зист ва ошиқона моро тарк кард.

Аз Дардар мегузарем ва ба Урметан, зодгоҳи Шоири халқии Тоҷикистон шодравон Қутбӣ Киром, мерасем. Шоире, ки мисраъҳои зеринро сурудааст:

Зиндагиро кӣ гуфт номард аст?

Ҳар кӣ гуфтаст, то куҷо мард аст.

Зиндагӣ марду мард мехоҳад,

Сари болою дард мехоҳад.

Ҳавои форами кӯҳистон ба ҷисму ҷон фараҳ мебахшад. Манзараҳои сабзу хуррам нури ­чашмро афзун мегардонанд. Илҳомро мисли рӯди Зарафшон ба ҷӯш меоранд.

Ба шаҳри Панҷакент мерасем, ҷодаҳо тозаю озода, биноҳо хуштарҳ, одамон хушбархӯрду хушсухан. Бо як нигоҳ ошиқи шаҳру сокинони одамдӯсташ мешавем. Он ҷо бо адибони машҳур Ато Мирхоҷа, Салими Зарафшонӣ, Сироҷиддин Икромӣ, Юнус Юсуфӣ, Шодӣ Раҷабзод, Толиби Луқмон, Муҳриддин Сабурӣ, Бузургмеҳри Тоҷиддин ва рӯзноманигор Ҳотами Ҳомид вохӯрдем, ки барои ширкат ба маҳфили «Ватан — сарчашмаи бахту саодат» омадаанд.

Ба Кохи Лоиқ рафтем. Дар ҳавлии кох муҷассамаи бошукӯҳи шоир гузошта шудааст, ки нигоҳи меҳрбораш чун рӯди Зарафшон ба сӯи абадият ҷорист. Он ҷо пиру ҷавон гирд омадаанд, баъзеҳо дар даст гул, баъзеи дигар китоб доранд. Бо чеҳраи болида ва дили беқарор мунтазири оғози маҳфиланд. Дар симои онҳо рамзи зебоӣ ва нури маърифат ба хубӣ мушоҳида мешавад. Духтараке шеър хонд, бонувон бо завқ суҳбат доранд, гурӯҳи дигар даври адибон ҷамъ шудаанд, Ато Мирхоҷа хушгӯӣ дорад.

Ҷавонмарде ба ман наздик шуда, бо муҳаб­бат салом дода, ба Панҷакент хайрамақдам гуфт ва афзуд:

- Маъруфҷон, аз деҳаи Урметан ҳастам, дар мактаб дарс мегӯям. Омадани меҳмононро шунида дар хонаи устоди шодравон Қутбӣ Киром ҷамъ шудем. Бовар доштем, ки шумоён ба хонаи устод сар зада, ёди он касро гиромӣ медоред…

- Нахостем, ки шуморо ба ташвиш гузорем, — сурх шуда баҳона пеш овардам.

Гилаи Маъруфҷон ба ҷо буд. Бояд ба деҳаи Урметан медаромадем, ба манзили устод мерафтем, бо сокинони деҳа дидор медидем…

Маҳфилро Ато Мирхоҷа ифтитоҳ ва Абдурауф Муродиро тамҷид карду гуфт, ки нависандаест дар ҳаҷв дасти тамом дорад ва дар ин ҷода аз адибони саршиноси ҷумҳурӣ мебошад. Сипас, шеъри танзомезе, ки раҳораҳ дар бораи Абдурауф Муродӣ эҷод намудааст, хонд:

Зист Муродӣ, на ҳамоно ки зист,

Боз асарҳои аҷибе навист.

Назми хушаш марҳами дилҳои мо,

Насри азизаш ҳама танзи қавист…

Табъи равонаш зи Зарафшони ӯст,

Лутфи латиф аст варо исту бист.

Абдурауф Муродӣ суханро аз шукронаи сулҳу ободӣ оғоз кард ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ситоиш намуд, ки ин ҳама файзу баракат бо талоши он кас дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст. Шеъри «Пешво»-и адибро духтараке бо исми Париноз он қадар ҷолибу зебо хонд, ки ҳозиронро мафтун сохт.

Соҳибҷашн бо ҳазлҳои намакин хотири аҳли толорро шод гардонду сарояндагон Тоҳир Қаробеков, Алишер Қаноатзода, Гулпарӣ Орифзода, Ёқубҷон Исмоилзода таронасароӣ карданд. Гулдухтарони ансамбли рақсии «Дилоро» бо арғушти зебои худ ба маҳфил нуру сафо бахшиданд.

Шод зистан суннати азалии мардуми тоҷик буда, ҷузъи асосии фарҳанги миллии мо гаштааст. Мо ин ҳолро на танҳо дар толори Кохи Лоиқ мушоҳида намудем, балки дар симои одамон дар кӯчаю бозор, боғу саҳро дидем. Ҳама паи меҳнати бунёдкорона буданд. Ҳангоми суҳбат табассум аз лабонашон канда намешуд. Хусусан, бо ҳар ҷавоне, ки суҳбат намудем, бедорию худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии онҳо моро ба ваҷд меовард.

Панҷрӯд ба зиёрати оромгоҳи устод Абуабдулоҳи Рӯдакӣ рафтем. Моро назди дарвозаи Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд сарвари он Умарҷон Саидов ва омӯзгор Абдуҳаким Толибов пешвоз гирифтанд. Сари мазори устод Рӯдакӣ меҳмонон шеър хонданду ёди шоирро гиромӣ доштанд. Осорхонаю китобхонаи маҷмааро низ дидем. Умарҷон Саидов таъкид намуд, тармиму навсозӣ ва ободонии мақбараи устод Рӯдакӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гаштааст.

Вақте дар чойхонаи рӯ ба рӯи мақбара суҳбат оростем, одамон шукри сулҳу амниятро карданд. Сулҳ бошад, амният бошад, Тоҷикис­тони мо боз ҳам ободтар мешавад, — гуфтанд онҳо. Абдуҳаким Толибов, муаллим аз деҳаи Артуч, бо ишқу муҳаббати беандоза нисбат ба Сарвари давлат суҳбат оғоз кард: «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсони хосе ҳастанд, ки Худованд ба мо додааст. Мақоми он кас болотар аз ҳама сиёсатмадор аст. Шахсияти беназир, муаррифгари чеҳраи тоҷикон дар олам ҳастанд. Мо ташаббусҳои  он касро дастгирӣ менамоем ва пайрави садоқатманди Пешвои миллат ҳастем».

Воқеан, миёни мардум рафтан, бо онҳо суҳбат намудан, аз кору борашон огоҳ гаштан ба ҳар эҷодкор илҳом мебахшад. Вақти он расида, ки аз кору пайкори мардумони одӣ, онҳое, ки ба миллату Ватан аз дилу ҷон хидмат менамоянд, шоирону нависандагон шеъру достон, ҳикояву романҳо нависанд ва зиндагии имрӯзи халқи тоҷикро тавассути асарҳои пурарзиши хеш ҷовидона гардонанд.

ВОРИС,

«Садои мардум»