Даҳуми июни соли равон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон зери унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» форуми байналмилалии парламентӣ доир гардид, ки дар он намояндагони беш аз 20 кишвар иштирок доштанд. Вобаста ба аҳамияти «Раванди оби Душанбе» андешаҳои иштирокчиёнро пурсон шудем, ки чанде аз онҳо пешниҳод мегардад.
Ҳенк Овинк, директори иҷроияи Комиссияи ҷаҳонӣ оид ба иқтисодиёти об:
- Нақши Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ҳалли мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо об ва дигар масъалаҳои ба он марбут хеле муҳим аст.
Ҳадаф аз ҷамъ шудани мо дар ин чорабинии сатҳи баланд таъмини тамоми сокинони сайёра бо оби «сабз» (тоза) мебошад. Ин ҷо мо на танҳо тоза нигоҳ доштани оби дарёву баҳрҳо, балки ҳифз ва сарфакорона истифода намудани обҳои зеризаминиро низ дар назар дорем. Тағйирёбии иқлим ба гардиши об дар табиат таъсири манфӣ мерасонад. Ҳоло ки дер нашудааст, бояд тамоми кӯшишҳо барои тоза нигоҳ доштану беҳтар кардани сифати об равона шавад.
Дар баробари ҷудо кардани маблағ барои таъмини оби тоза фарҳанги муносибат ба обро низ тағйир бояд дод. Яъне, муносибат бояд сарфакоронаю ғамхорона бошад.
Имрӯз қариб 50 дарсади аҳолии Осиёи Марказиро ашхоси то 30-сола ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ҷалб намудани ҷавонон ба ҳалли масоили вобаста ба об зарур аст. Захираҳои мавҷудаи об арзиши баланд дошта, касе ҳақ надорад аз он суиистифода намояд. Пас, бояд аз он захирае, ки дар ихтиёр дорем, одилонаю оқилона баҳрабардорӣ кунем.
Барои ояндаи неки сайёра бояд тамоми захираҳои табиӣ, аз ҷумла об ва хокро пок нигоҳ дошта, ҳар як ташаббуси наҷибро дар ин самт бо дасту дили кушода ҷонибдорӣ намоем.
Лейлия Акбаева, профессори кафедраи «Идоракунии ҳифзи муҳити зист»-и Донишгоҳи Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон:
- Иштирокчиёни «Раванди оби Душанбе»-ро як масъала – дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлим муттаҳид месозад.
Осиёи Марказӣ аз лиҳози обу иқлим минтақаи нисбатан осебпазир буда, ҳалли ин мушкилот дар танҳоӣ муяссар намешавад. Дарёҳои бузурги минтақа сарҳадгузар буда, ҷумҳуриҳои ҳамсоя аз ҳамдигар вобастагӣ доранд.
Бисёр пешниҳодҳои ҷолиб баён шуданд. Воқеан, бояд дастовардҳои илмӣ ва навгониҳои технологии вобаста ба истифодаи самараноку сарфакоронаи об тарғиб шаванд.
Аҳолии Осиёи Марказӣ босуръат меафзояд. Агар вобаста ба таъмини об фавран чораандешӣ нашавад, даҳсолаи минбаъда норасоии об метавонад боиси ба миён омадани як қатор мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ гардад. Барои он ки чунин ҳолат рӯй надиҳад, кишварҳои минтақа бояд ҳамкориро дар самти дипломатияи об густариш диҳанд.
Тоҷикистон дар ин самт фаъол аст. Як қатор чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ оид ба масоили об маҳз дар ин кишвар баргузор гардиданд. Сиёсати дипломатияи об, ки Тоҷикистон пеш мебарад, ҳамчун воситаи муҳими таъмини идоракунии самараноки захираҳои муштараки об ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ба шумор меравад.
Сибғатуллоҳ Соҳибзода, вакили Ассамблеяи миллии Покистон:
- Пеш аз ҳама, мехоҳам миннатдории хешро барои истиқболи гарму самимӣ ба дастандаркорони ин чорабинии сатҳи баланд баён намоям.
Дар форум ба бисёр мавзуъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла тавонмандсозии занон, ҷавонон, баробарии гендерӣ, устувории демографӣ, рафъи камбизоатӣ, норасоии об ва тағйирёбии иқлим, таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Вакилони мардумӣ, олимону коршиносони масоили экологӣ андешаю пешниҳодоти ҷолиб баён карданд.
Баргузории ин гуна чорабиниҳои сатҳи баланд имкон медиҳад, ки ҳамкориро баҳри ҳалли мушкилоти обу иқлим пурзӯр намоем.
Покистон ҳам мисли Тоҷикистон ҳар сол аз селу обхезиҳо зарари зиёд мебинад. Ҳукумати мамлакат барои рафъи офатҳои табиӣ ситодҳои фаврӣ таъсис дода, ба зарардидагон кумак расонида мешавад.
Дар кишвари мо низ норасоии об эҳсос шуда, гармшавии глобалӣ ин мушкилотро дучанд кардааст. Парламенти мамлакат барои сарфакорона истифода бурдани об ва пок нигоҳ доштани манбаъҳои об санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул кардааст.
Дар Покистон ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд додаанд. Чунончи, дар нашрияҳои маъруфи Покистон, аз ҷумла «Навои баҳор», «Деҳот», «Агло қадам», «Боди шимол», «Овози Содиқобод», «Садои чанор», «The Patriot», «Asian sun» ва ғайра, ки ба забонҳои англисӣ ва урду нашр мешаванд, таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об пешсаф аст» мақолаҳо ба нашр расиданд. Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, муносибати навро дар истифодаи захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон талқин менамояд.
Абдураҳмон Бодир, намоянда аз Шоҳигарии Баҳрайн, коршиноси масоили об:
- Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Иштирокчиёни конфронс суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хеле хуб пазироӣ намуданд.
Тоҷикистон ҳарчанд дорои захираҳои бойи оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлу дарёҳо ва чашмаҳои мусаффо, бошад ҳам, ба мушкилиҳои вобаста ба об таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Тавре огоҳ гардидем, дар ин кишвари сарсабзу хуррам бо мақсади идоракунии беҳтари захираҳои об «Барномаи ислоҳоти соҳаи об» амалӣ шуда истодааст. Сарвари давлати Тоҷикистон беҳтар намудани фарҳанги истифодаи оқилонаю сарфакоронаи об ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави обёриро таъкид карданд, ки барои ҳама кишварҳо қобили қабул аст.
Мо ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим баҳои баланд дода, изҳори умед менамоем, ки натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим саҳми муносиб хоҳад гузошт.
Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ