3-юми июли соли 2024 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии ҳар ду кишвар муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои фарогири ду давлат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.
Густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар ду кишвари дӯсту бародар – Тоҷикистону Покистонро арзишҳои олии фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парламенти кишвари бародари Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамкориҳои пурмаҳсулу судмандро ба роҳ монда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳанд.
То имрӯз аз шумораи умумии санадҳои ҳамкории дуҷониба 9-тои он тавассути парлумони кишварҳоямон тасдиқ гардида, вобаста ба талаботи замони муосир зарур шуморида шуд, ки амалигардонии онҳо бозбинӣ ва тақвият дода шаванд.
- Дар мақомоти қонунгузори ҳар ду кишвар гурӯҳҳои дӯстӣ бо парлумонҳои кишварҳои ҳамдигар ташкил дода шудаанд. Албатта, ҷониби мо барои тақвияти робитаҳои дуҷониба дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла табодули сафарҳои кории ҳайатҳои парлумонии ду кишвар ва роҳандозии дипломатияи парлумонӣ, аҳамияти хоса медиҳад. Шоиста ба зикр аст, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли Ассамблеяи парламентии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад, ки дафтари кории он дар шаҳри Исломобод ҷойгир аст. Дар робита ба ин намояндагони парлумони кишвари мо дар ҷаласаҳои доимии ассамблеяи мазкур ширкат меварзанд ва доир ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо мавқеи худро баён менамоянд,- иброз дошт Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар интиҳо гуфта шуд, ки мо ҷонибдори рушди муносибатҳои кишварҳоямон ҳастем ва омодаем, ки ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо талошҳои дучанд варзем.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ. Суратгир Неъматулло АЛИЕВ