Суҳбат бо Раиси Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ

№125-126 (3271-3272) 28.10.2014

610

Зимни суҳбат бо Раиси Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, тайи ҳамкории бисёрсолаи дуҷониба аз ҷониби Бонки Исломии Рушд ба маблағи зиёда аз 210 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ равона карда шудаанд. Лоиҳаҳои зиёди дигар ҳоло бо харҷи 145 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Бонки Исломии Рушд дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва тандурустию маориф татбиқ мешаванд.

Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мусоидат ба мушкилоти кишварҳои мусулмонӣ, хусусан Афғонистони ҳамсоя, баҳои баланд дода, бори дигар омодагии Бонки Исломии Рушдро барои иштирок дар маблағгузории чунин лоиҳаҳои минтақавӣ чун хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва ғайра таъйид намуд.

Ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

www.president.tj