Маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Қасри миллат

№ 05.07.2024

53836527846_e6d9bebb6d_o5-уми июли соли 2024 маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.