Бисту ҳафтуми октябри соли 2014 дар Кохи Сомони Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ кори худро оғоз намуд.
Анҷумани мазкур дар доираи «Нақшаи амали Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ» баргузор гардида, дар он масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нақлиёт, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, маориф, илму техника, сайёҳӣ ва тандурустӣ баррасӣ мешаванд. Барои иштирок дар ин анҷуман намояндагони кишварҳои аъзои СҲИ, ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, сохторҳо оид ба рушди ҳамкорӣ, бахшҳои хусусӣ ва сармоягузорони кишварҳои аъзо ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд.
Анҷуманро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ифтитоҳ намуда, сухани нахустинро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дод.
Президенти кишвар меҳмонони олимақом ва ҳамаи иштирокдорони анҷуманро ба он хайра мақдам гуфта, изҳори бовар намуд, ки ҳамоиши номбурда ба таҳким ва рушди минбаъдаи сармоягузорию соҳибкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, мусоидати фаъол мекунад.
Дар қисмати ифтитоҳии анҷуман ҳамчунин Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ Иёд Амин Маданӣ, Раиси Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ, вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Либия Муҳаммад ал-Ғиронӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Туркӣ ибни Муҳаммад ибни Сауд ал-Кабир, вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Ғаббош, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Судон Алӣ Аҳмад ал-Картӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Атиқуллоҳ Атифмал ва мудири омили Ширкати «Қатари Диёр – Тоҷикистон» Камол Ҳиҷозӣ суханронӣ намуданд.
Анҷумани сармоягузории Созмони Ҳамкории Исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷаласаҳои алоҳидаи корӣ идома дорад. Дар ин ҷаласаҳо масъалаҳои нақлиёт ва инфрасохтор, мусоидат ба тиҷорат ва сармоягузорӣ, кишоварзӣ, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ, санъат, илм ва технология баррасӣ мешаванд.
www.president.tj