Зиндагии шоиста ба ҳар як кишвари исломӣ ва ҳар як хонадони мусулмон

№125-126 (3271-3272) 28.10.2014

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми якуми сармоягузорӣ дар доираи «Нақшаи амали Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ»

27 октябри соли 2014, шаҳри Душанбе

61110

Ба номи Худованди ҷону хирад!

Олиҷанобон, роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои ширкаткунанда!

Муҳтарам Ҷаноби Котиби кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ!

Муҳтарам намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ!

Бародарон ва хоҳарони азиз!

Сараввал бо хушҳолии зиёд ташрифи Шуморо ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе барои иштирок дар Форуми нахустини сармоягузорӣ дар доираи «Нақшаи амали Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ» аз номи Ҳукумат ва мардуми кишвар хайра мақдам мегӯям.

Басо рамзист, ки Нақшаи амали мазкур дар ҷаласаи 37-уми Шӯрои вазирони хориҷии Созмон моҳи майи соли 2010 маҳз дар шаҳри Душанбе пешниҳод ва қабул гардида буд. Ҳадафи асосии Форуми мо мусоидат ба дастгирии байналмилалии татбиқи ҳамаҷонибаи Нақшаи амали зикршуда буда, бахусус дар рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, туризм, сармоягузорӣ ва тиҷорати кишварҳои аъзои Созмон саҳм хоҳад дошт. Итминон дорам, ки татбиқи Нақшаи амал ба таҳкими ҳамкориҳои судманд дар самтҳои таҳқиқот, рушди техникаву технология, илму маориф ва тандурустӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Ҳозирини гиромӣ!

Решаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, динӣ ва иқтисодии кишварҳо ва мардумони мо тӯли садсолаҳо моро бо ҳам пайванд бахшидаанд, ки ин омил, бе ягон шакку шубҳа, тақвиятбахши ҳамкории судбахши кишварҳои аъзои Созмон дар соҳаҳои зикргардида мебошад.

Саҳми тамаддуни исломӣ ва кишварҳои мусулмонӣ дар ташаккули таърихии ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосир назаррас аст, ки он аз ҷумла тавассути Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Бонки Исломии Рушд амалӣ мегардад. Қобили зикр аст, ки дар ҳудуди кишварҳои аъзои Созмон қариб 70 фоизи захираҳои ҷаҳонии нафт ва 50 фоизи захираҳои ҷаҳонии газ ҷойгир буда, ин омил аз мавқеи муҳим доштани онҳо дар иқтисоди ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.

Дар баробари ин, мо умедворем, ки нақши Созмони Ҳамкории Исломӣ дар таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои исломӣ ва рушди устувори мамлакатҳои аъзои он рӯз аз рӯз зиёд шуда, ба афзоиши саҳми муштараки онҳо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Вале мусаллам аст, ки ба қисмати зиёди кишварҳои аъзои Созмон хавфи таъсири манфии таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла оқибатҳои буҳрони молиявию иқтисодӣ, сатҳи баланди камбизоатӣ, дастрасии маҳдуд ба оби тоза, озуқаворӣ, неруи барқ ва дигар маҳсулоту хизматрасониҳои ниёзи аввал, камбудиҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, тағйирёбии иқлими сайёра ва тамоюлҳои зудтағйирёбандаи ҷаҳониву минтақавӣ таҳдид мекунад. Илова бар ин, пӯшида нест, ки мутаассифона, зуҳуроти номатлуби фаромиллӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва одамрабоӣ, ҷинояткории муташаккилона ва монанди инҳо дар баъзе аз кишварҳо рӯ ба афзоиш дорад.

Дӯстони азиз!

Ҳалли самараноки мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби фаромиллӣ моро водор месозад, ки тамоми неру ва имкониятҳоро ба таври кофӣ истифода намоем. Холиқи ягона тамоми неъматҳо ва захираҳои лозимӣ, аз ҷумла об, замин, наботот, маъданҳо, сӯзишворӣ, неруи зеҳниву ҷисмонӣ ва дигарҳоро ба мо насиб гардонидааст. Ва Худои таъоло бар дӯши мову шумо масъулиятеро вогузоштааст, ки тавассути истифодаи самараноку оқилонаи ин неъматҳо рушд ва зиндагии шоистаро барои ҳар як кишвари исломӣ ва ҳар хонадони мусулмон таъмин намоем.

Мантиқист, агар сармоягузории кишварҳои аз лиҳози молиявӣ неруманди исломӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории мамлакатҳои камдаромади мусулмонӣ сафарбар карда шавад, чун Худои таъоло дар ояти дуюми сураи Моидаи Қуръони Маҷид фармудааст, ки «Ва бар накукорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам ба якдигар мадад накунед».

Мо чунин меҳисобем, ки дар ин росто нақши Бонки Исломии Рушд ва сохторҳои он муҳим мебошад. Зиёд кардани сармояи оинномавии Бонк ба маблағи 70 миллиард динори исломӣ ва то 100 миллиард динори исломӣ расонидани он зарур ва саривақтӣ мебошад.

Агар мо ба мисоли мушаххас рӯй оварем, гуфта метавонем, ки дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои исломӣ 53 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла тавассути Бонки Исломии Рушд 41 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 348 миллион доллар дастгирӣ ёфта, ҳоло 42 лоиҳаи он амалӣ гардидааст. Ҳоло Бонки мазкур якҷо бо созмонҳои исломӣ дар кишвари мо амалисозии 11 лоиҳаи муштараки сармоягузориро ба маблағи қариб 300 миллион доллар идома медиҳад.

Мо аз ҳамкориҳои пурсамар бо Бонки Исломии Рушд қаноатмандем ва умедворем, ки бо васеъ шудани доираи имкониятҳои он ҳаҷми ҳамкориҳои мо низ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, аз ҷумла рушди инфрасохтор, бахши тиҷорат, дастгирии соҳаҳои маорифу тандурустӣ вусъати бештар пайдо мекунанд ва ба рушди иқтисодиёт, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум мусоидати фаъол мерасонанд.

Бо дарназардошти вазъи душвори иқтисодии кишварҳои мусулмонӣ ва эҳтиёҷоти зиёди онҳо ба сарчашмаҳои сармоягузорӣ лозим аст, ки Бонки зикршуда дастгирӣ ва сармоягузориҳои худро барои татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ бамаротиб зиёд намояд.

Мувофиқи изҳороти сессияи 12 – уми Ҳамоиши сарони кишварҳои исломӣ, маблағгузории Фонди Ҳамбастагии Исломӣ оид ба рушд барои қабул ва татбиқи лоиҳаҳои паст кардани камбизоатӣ 1,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Зарур аст, ки аз ҳисоби ин фонд, аз ҷумла аз ҳисоби Барномаи энергияи таҷдидшаванда барои камбизоатҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои милливу минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ маблағҳои кофӣ ҷудо карда шаванд.

Дар стратегияи Созмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ диққати махсус дода мешавад, ки ин ҳамзамон барои рафъи камбизоатӣ муҳим аст, зеро ҳамчун кишвари камдаромади аз лиҳози озуқаворӣ танқисикашанда арзёбӣ гардидани 30 мамлакати аъзои Созмон наметавонад, ки боиси нигаронии мо нагардад.

Аз ин рӯ, тавре ки шумо медонед, бо ин мақсад Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ бунёд ёфта, Фонди «Ҳаёти шоиста» дар ҳаҷми 100 миллион доллар бо ташаббуси бевоситаи Волоҳазрат Амири Давлати Кувайт таъсис дода шудааст. Ва мо аз Котиботи кулли Созмон ва ниҳодҳои гуногуни марбутаи он даъват менамоем, ки ҷиҳати зиёд кардани фонди мазкур аз ҳисоби кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ талош карда, ҳангоми истифодаи маблағҳои он, пеш аз ҳама, ба кишварҳои камдаромади аз ҷиҳати озуқаворӣ танқисикашандаи аъзои Созмон афзалият диҳанд.

Аз ҷониби дигар, боиси хушнудист, ки саҳми савдои байниҳамдигарии кишварҳои аъзои Созмон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои берунӣ аз 14 фоизи соли 2004 то 18 фоиз дар соли 2012 афзоиш ёфта, мақсад гузошта шудааст, ки он дар соли 2015 тавассути истифодаи низоми савдои имтиёзнок то 20 фоиз расонида шавад. Дар ин ҷода нақши Маркази исломӣ оид ба рушди савдо ва Корпоратсияи Байналмилалии Исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат, аз ҷумла тавассути «Ташаббуси дастгирӣ барои бозаргонӣ» вобаста ба сафарбар намудани дастгирии минтақавӣ ва байналмилалии кишварҳои аъзо муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мо як қатор масъалаҳои барои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ муҳим, ба монанди рушди инфрасохтори нақлиётиву энергетикӣ ва тиҷорату сармоягузорӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсоливу содиротӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тақвият додани мавқеи соҳибкории хурду миёна дар соҳаи туризмро баррасӣ менамоем.Ин масъалаҳо ба афзалиятҳои стратегии рушди босуботи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мутобиқ мебошанд.

Дар ин росто, ҳалли самараноки масъалаҳои обу энергетика барои кишварҳои минтақа ниҳоят муҳим мебошад. Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бойи энергетикаи обӣ буда, ҳам аз ҷиҳати иқтидори потенсиалии барқ ва ҳам аз нигоҳи захираҳои оби ошомиданӣ дар ҷаҳон ҷои намоёнро ишғол мекунад. Вале бо вуҷуди чунин имкониятҳои бузург, мутаассифона, мардуми зиёди кишварҳои минтақа ба неруи барқ дастрасии пурра надоранд ва ҳар сол дар фасли сармо ба танқисии шадиди энергетикӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки ин зиёни калони иқтисодиву иҷтимоӣ меорад.

Бинобар ин, бо мақсади таъмини рушди устувор ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми минтақа таъмини неруи барқ тавассути сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ яке аз ҳадафҳои стратегии кишварҳои дорои чунин имконият муайян гардидааст. Лоиҳаи байниминтақавии сохтмони хатти интиқоли неруи барқ КАСА-1000 оид ба содироти барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон, ки мо онро бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ оғоз намудем, яке аз роҳҳои самараноки ҳалли масъалаҳои зикршуда ба назар мерасад, зеро ин лоиҳа барои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аҳамияти бузург дорад. Бо истифода аз фурсати муносиб, ба роҳбарияти Бонки Исломии Рушд ёдрас карданӣ ҳастем, ки Тоҷикистон дар ҷавоб ба дархости хеш барои ҷудо намудани маблағи зарурӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 умедвор аст.

Дӯстони азиз!

Шарикони муҳтарам!

Аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ тавассути баромадан ба бандарҳо ва баҳр ба минтақаи транзитӣ табдил додани Осиёи Марказӣ имкониятҳои бузург мавҷуданд, вале онҳо ҳанӯз пурра истифода нашудаанд. Маҳз тавассути минтақаи мо шоҳроҳҳои бузург, ба монанди Шоҳроҳи абрешим, мегузаштанд, ки аҳамияти тиҷоратии худро садсолаҳо аз даст надодаанд. Сохтмони инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла шоҳроҳҳои автомобилгарди муосир ва роҳи оҳан байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакатҳо аз тариқи тавсеаи бахшҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, туризм ва хизматрасонӣ метавонад такони ҷиддӣ бахшад. Аз ин хотир, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани шабакаҳои коммуникатсионӣ чун ҳадафи дигари стратегии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, муқаррар гардидааст. Дар ин самт дастгирии бештари Созмони Ҳамкории Исломӣ ва сохторҳои он, махсусан механизми ҳамкории нақлиётӣ, зарур аст.

Рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсоливу содиротии соҳа ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи стратегии дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ-таъмини амнияти озуқаворӣ дар маркази диққат қарор дорад. Кишварҳои минтақа тамоми шароити заруриро барои рушди ин соҳа, аз қабили обу замину иқлими мусоид, ашёи хом ва қувваи кории арзон доранд, вале дар ин самт низ камбудии сармоя эҳсос мешавад.

Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз тариқи иқтидорҳои саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, истеҳсоли оби баландсифати нӯшокӣ ва содироти онҳо ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз назари иқтисодӣ барои шарикони мо фоидаовар хоҳад буд. Аз ин лиҳоз, аз Созмон ва сохторҳои он, ба монанди Палатаи исломӣ оид ба тиҷорат, саноат ва кишоварзӣ даъват ба амал меорем, ки дар самти баланд бардоштани иқтидори истеҳсоливу содиротии коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна дастгириҳои молиявии худро бештар гардонанд.

Кишварҳои Осиёи Миёна дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ, табиату манзараҳои зебо, кӯҳҳои баланд, даштҳои фарох, кӯлҳо ва ҳайвоноту набототи нодир мебошанд, ки барои рушди соҳаи туризм муҳиманд. Аз ин рӯ, кишварҳои минтақа ба инкишофи он бо роҳи ҷалби соҳибкории хурду миёна ва сармояи хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Ин метавонад самти дигари тавсеаи ҳамкориҳои фоиданоки кишварҳои аъзои Созмон гардад.

Барномаи амали даҳсолаи Созмон барои солҳои 2005-2015 баъди як сол ба итмом мерасад ва раванди таҳияи Барномаи амали даҳсолаи нав аз ҷониби Гурӯҳи байнидавлатии коршиносон идома дорад. Бинобар ин, мо аз роҳбарияти Созмон ва ниҳодҳои он, инчунин Бонки Исломии Рушд даъват ба амал меорем, ки ҳангоми таҳия ва пешниҳоди Барномаи амали даҳсолаи ояндаи Созмон барои солҳои 2016-2025 афзалиятҳои кишварҳои Осиёи Марказиро ҳаматарафа ба инобат гиранд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тоҷикистон бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси исломӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои аъзои Созмон ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи ягона-таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як кишвари исломӣ ва ба ҳар як хонадони мусулмон пайваста густариш медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад, ки барои ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба раванди рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар фазои мусоид фароҳам созад. Ва ҳоло дар кишвар тамоми шароити зарурӣ барои пешбурди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шудааст.

Барои таъмини рушди босубот амнияти минтақа муҳим аст. Дар ин амр табиист, ки қабл аз ҳама вазъ дар кишвари ҳамсояи мо — Афғонистон барои ҳамаи мо муҳим аст. Дар ин самт мо мисли ҳамеша дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла дар доираи Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ саъю талош хоҳем кард.

Дар шароити кунунӣ бахши бузурги рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон ҳамчун роҳи самараноки таъмини амнияту субот метавонад аз тариқи бунёди инфрасохтори нақлиётиву энергетикӣ, ба монанди роҳҳои оҳану мошингард, хатҳои интиқоли неруи барқ ва лӯлаҳои газ таъмин гардад.

Аз ҷониби худ мо омодаем, ки ҳамкориҳоро бо Афғонистони бародар густариш дода, имконоти худро ҷиҳати амалӣ гардонидани тарҳҳое, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва ин кишвари дӯст нигаронида шудаанд, сафарбар намоем.

Дар ин кор зарур аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дӯстону хайрхоҳони Афғонистон, аз ҷумла кишварҳои аъзои Созмон низ, бояд саҳми фаъол дошта бошанд.

Мо умедворем, ки минтақаи Осиёи Марказӣ бо нияти нек ва ҳамкории созандаи кишварҳои ҳамсоя ба як қаламрави дӯстии қавӣ ва ҳамкории пурсамар мубаддал хоҳад шуд.

Дар ин самт итминон дорам, ки кишварҳои аъзои Созмон, сармоягузорон ва соҳибкорон бо пайравии воқеӣ аз дастури Қуръони шариф: «Муъминон бародари якдигаранд» ҳамкории мутақобилан судманд хоҳанд дошт.

Дӯстони арҷманд!

Ширкаткунандагони муҳтарам!

Мо бар он ақида ҳастем, ки дар роҳи ҳаллу фасли масъалаҳои ҳалталаби башарият ва минтақа Созмони Ҳамкории Исломӣ нақши худро тақвият мебахшад ва Тоҷикистон низ дар ин раванд саҳми арзанда хоҳад гирифт.

Иншооллоҳ, ҳамаи мо дар ҳамкории созанда бо кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ ва талошу кӯшишҳои муштарак барои татбиқи пурраи Нақшаи амал оид ба Осиёи Марказӣ ба натиҷаҳои беҳтар ноил хоҳем гашт.

Дар охир бо ибрози барору комёбӣ ба кори Форуми нахустини сармоягузорӣ дар доираи «Нақшаи амали Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ» изҳори умедворӣ менамоям, ки он ҷиҳати бештар тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодиву иҷтимоӣ дар байни мамлакатҳои аъзои Созмони мо мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.

Ва минал-лоҳит-тавфиқ.