Ҳамасола 2-юми июл дар тамоми кишварҳо Рӯзи байналмилалии журналистони риштаи варзиш таҷлил мегардад. Ба ин муносибат бо ташаббуси Ассостсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов бо иштироки рӯзноманигорон нишаст баргузор гардид.
Ректори донишкада Муҳаммадшо Абдуллозода зимни ифтитоҳи чорабинӣ рӯзноманигоронро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, иброз намуд, ки дар ҳар як кишвар фарогирии ҷомеа ба варзиш яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри хусусияти оммавӣ пайдо намудани варзиш корҳои зиёд анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, тайи чанд соли охир дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат қасру марказҳои варзиш ва майдону толорҳои нави тамрин мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар оммавӣ шудани варзиш, махсусан, нақши рӯзноманигорон хеле калон мебошад.
Раиси Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов дар бораи таърихи журналистикаи риштаи варзиш сухан ронда, зикр намуд, ки 100 сол пеш, яъне 2-юми июли соли 1924 дар шаҳри Париж Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) таъсис ёфт. То имрӯз иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзиши 165 мамлакат узви AIPS мебошанд. Бо ибтикори ниҳоди мазкур аз соли 1995-ум 2-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии журналистони риштаи варзиш таҷлил мегардад.
Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон, ки 25-уми январи соли 2001 таъсис ёфтааст, моҳи марти соли 2011 дар конгресси 74-уми AIPS дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ қабул гардид. Имрӯз беш аз 70 нафар хабарнигорони ҷумҳурӣ ба узвияти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон шомиланд.
- Журналистикаи варзишӣ дар ҳаёти ҷомеаи имрӯза нақши арзанда мегузорад. Дар ҳама давру замон варзиш мубаллиғи сулҳу дӯстӣ буда, ба ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо мусоидат менамояд. Рӯзноманигори риштаи варзиш будан маънои саҳмгузорӣ дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва оммавӣ гаштани онро дорад,- гуфт Нарзулло Латифов.
Аз ин рӯ зарур дониста шуд, ки рӯзноманигорон ҳамкориро бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва федератсияҳои варзишӣ вусъат дода, дар рушду нумуи тарбияи ҷисмонӣ ва соҳаи варзиш дар мамлакат саҳми аз ин ҳам бештар гузоранд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»