Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвият бахшидани корҳои идеологӣ ва эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» вохӯрии гурӯҳи кории доимоамалкунандаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бо сокинони деҳаи Кӯҳдомани ноҳия баргузор гардид.
Гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини якум ва муовини соҳавии раиси ноҳия, комиссари ҳарбии ноҳия, муовини раиси Кумитаи ҲХДТ дар ноҳия, мудири бахши дин, танзими ва ҷашну маросим, мудири бахши кор бо занон ва дигарон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб бо мардум суҳбату вохӯрии судманд доир намуданд.
Таҷрибаи ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон нишон дод, ки ба ин восита метавонем сокинони шаҳру деҳаҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят намуда, бо забони содаю фаҳмо муҳтавои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриро фаҳмонем. Ҳамин аст, ки ағлаби мардуми кишварамон на танҳо аз манфиати қонунҳо хуб огоҳ ҳастанд, балки қатори масъулин дар пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ саҳм мегузоранд.
Диловари МИРЗО,
“Садои мардум”