Аз зарурати қабули қонун то ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ
Мафҳумҳои «соҳибкори иҷтимоӣ» ва «соҳибкории иҷтимоӣ» бори аввал дар адабиёт соли 1953 аз ҷониби иқтисодшинос Г. Боуэн дар китоби «Масъулияти иҷтимоии соҳибкор» истифода шудааст. Худи консепсияи соҳибкории иҷтимоӣ дар солҳои 1980 ва 1990 васеъ паҳн шуд, ки онро Билл Дрейтон (соҳибкори иҷтимоӣ, ИМА), Чарлз Ледбитер (муаллифи бритониёӣ ва мушовири собиқи Тонӣ Блэр) ва дигарон пешбарӣ кардаанд. Пешбарандаи асосии идеяи соҳибкории иҷтимоӣ аз соли 1950 то соли 1990 сиёсатмадор Майкл Янг (Лорд Янг Дартингтонӣ, Британияи Кабир, муваффақтарин соҳибкори соҳаи ташаббусҳои иҷтимоӣ) буд.
Дэвид Борнштейн (рӯзноманигор ва муаллифи мақолаҳо дар бораи навовариҳои иҷтимоӣ) ҳатто истилоҳи «навовари иҷтимоӣ»-ро ҳамчун синоними «соҳибкори иҷтимоӣ», бо назардошти эҷодӣ, стратегияҳои ғайримуқаррарие, ки бисёре аз соҳибкорони иҷтимоӣ истифода мебаранд, ба кор бурдааст.
Аз ибтидои пайдоиши соҳибкории иҷтимоӣ то ба имрӯз консепсияҳои гуногуни «корхонаи иҷтимоӣ» ва «соҳибкори иҷтимоӣ» аз нақши пешбарии субъекти амалкунандаи лоиҳаи иҷтимоӣ, рафтори соҳибкорӣ ва манфиатнокӣ дар натиҷаҳои мусбати ҷамъиятӣ то рисолати иҷтимоӣ ва намунаи дигаргунсозии сиёсӣ ҳамчун асоси соҳибкории иҷтимоӣ пешниҳод шудаанд. Аммо бо гузашти даҳсолаҳо то ҳол мафҳуми ягонаи соҳибкории иҷтимоӣ вуҷуд надорад. Мушкилии муайян кардани соҳибкории иҷтимоӣ ба доираи васеи соҳаҳои фаъолияти соҳибкорони иҷтимоӣ, аз кори иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа то соҳибкорӣ ва ҳифзи муҳити зист вобаста аст.
Соҳибкории иҷтимоӣ дар байни соҳибкории анъанавӣ ва хайрия мавқеи фосилавиро ишғол мекунад. Аз ҷумла, он аз фаъолияти соҳибкорӣ бо мақсадҳои худ, тамоюл ба тағйироти иҷтимоӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа, аз хайрия бо характери тиҷоратии фаъолияти он фарқ мекунад.
Ташаккули заминаи ҳуқуқии институти соҳибкории иҷтимоӣ дар кишварҳои аврупоӣ аз солҳои 90-уми асри ХХ оғоз ёфт. Ҳамин тавр, яке аз аввалин қонуне, ки фаъолияти ба ташкилотҳои иҷтимоӣ нигаронидашударо танзим мекунад, ин Қонун «Дар бораи кооперативҳои иҷтимоӣ» буд, ки соли 1991 дар Италия қабул карда шуд. Пас аз Италия корхонаҳои иҷтимоӣ дар Британияи Кабир, Фаронса, Испания ва дигар кишварҳо танзими қонунӣ пайдо намуданд. Дар рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар ҷаҳон Ҷумҳурии Корея пешсаф мебошад, ки соли 2007 Қонун «Дар бораи рушди соҳибкории иҷтимоӣ»-ро қабул кард.
Тавре аз маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, солҳои охир сарбории хароҷоти буҷети давлатӣ, ки ба додани нафақа, ёрдампулӣ ва ҷубронпулӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ алоқаманд аст, хеле зиёд шудааст. Масалан, дар соли 2022 шумораи умумии маъюбон дар мамлакат нисбат ба соли 2021-ум 1,4 ҳазор нафар (0,88 фоиз) зиёд шуда, шумораи онҳо 159,1 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар муқоиса ба соли 2015 шумораи маъюбон 16,8 ҳазор нафар (11,8 фоиз) зиёд шудааст. Афзоиши миёнаи солонаи шумораи маъюбон дар давраи солҳои 2015-2022-юм 1,66 фоизро ташкил медиҳад, ки ин аз динамикаи рушди устувори ҳарсолаи ин нишондиҳанда шаҳодат медиҳад ва ин раванд сарбории иқтисодии буҷети давлатиро зиёд намуда, Ҳукумати ҷумҳурӣ маҷбур мешавад барои дастгирии иҷтимоӣ маблағи бештар сарф намояд.
Аз ин лиҳоз, аҳамияти ҳар чӣ зудтар ҷорӣ намудани механизмҳои соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба миён омадааст.
Сарбории дигари иҷтимоии буҷети давлатӣ зиёд шудани шумораи нафақагирон (нафақагирони меҳнатӣ ва иҷтимоӣ) ва кам шудани шумораи одамони бо кор таъминшуда ба шумор меравад. Тибқи омори расмӣ соли 2022 дар Тоҷикистон шумораи нафақагироне, ки дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба қайд гирифта шудаанд ва нафақа мегиранд, 763,3 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2015-ум 23,6 фоиз зиёд мебошад. Яъне, дар ҷумҳурӣ сол ба сол зиёд шудани шумораи нафақагирон мушоҳида мешавад. Афзоиши миёнаи солона аз соли 2015 то соли 2022 аз рӯйи шумораи нафақагирон 3 фоизро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, кам шудани шумораи одамони бо кор таъминшуда мушоҳида карда мешавад, ки ин раванд вазъияти устувори иқтисодии хароҷоти мавҷудаи иҷтимоиро душвор мегардонад. Агар соли 2015 дар иқтисодиёт ба як нафақагир ҳамагӣ 3,9 нафар коргар рост меомад, пас охири соли 2022 ин нишондиҳанда 23 фоиз кам гардида, ба 3 нафар баробар шудааст. Тибқи мушоҳидаҳо дар 8 соли охир ба як нафақагир тақрибан чоряки шумораи коргарон кам шудааст, ки боиси нигаронии ҷиддӣ буда, сабаби боз ҳам афзудани фишор ба буҷети давлатӣ мегардад.
Бинобар ин, фаҳмидан муҳим аст, ки дастгирии иҷтимоӣ на танҳо аз баамалбарории сиёсати якҷонибаи давлатии ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нақдӣ ва кумакҳои моддӣ, балки аз фароҳам овардани шароити мусоид барои барқарор кардани қобилияти меҳнатӣ ва фарогирии иқтисодии онҳо иборат аст.
Маҳз, фарогирии иқтисодии ин категорияи шахсон метавонад афзоиши хароҷоти буҷетро аз ҳисоби даромадҳои андоз аз фаъолияти иқтисодӣ, устувории минбаъдаи молиявӣ ва худтаъминкунии онҳо қисман ҷуброн намояд. Тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, механизмҳои мусоидат ба шуғли гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути ҷалби онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ё ба истилоҳ «соҳибкории иҷтимоӣ» зарур аст.
Бо назардошти ин ва ба хотири рушд додани соҳибкории иҷтимоӣ чанде пеш аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» таҳия ва пешниҳод шуд. Мақсади асосии лоиҳаи қонуни мазкур баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷомеа, расонидани кумак ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути фароҳам овардани фазои мусоиди иқтисодӣ барои соҳибкории иҷтимоӣ дар мамлакат мебошад. Лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, инчунин, талаботи объективӣ, шароит ва хусусиятҳое, ки дар соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ ташаккул ёфтаанд, таҳия шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистонро ҳамчун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки сиёсати он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардан аст, аммо ин чунин маъно надорад, ки талаботи иҷтимоии молумулкии ҷомеаро танҳо давлат таъмин намояд. Дар ин ҷо мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликият, рушди соҳибкорӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар ҷараёни иҷтимоӣ-иқтисодӣ иштирок менамоянд, нақши муҳим мебозанд. Дар ин ҳолат давлат бояд кафили таъмини талаботи иҷтимоӣ — молумулкии ҷомеа бошад.
Бояд гуфт, ки оид ба асосҳои ҳуқуқии соҳибкории иҷтимоӣ дар кишвари мо ва баъзе ҷанбаҳои институтсионалии он дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои баланд бардоштани саҳми занон дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025», паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра дарҷ шудаанд.
Инчунин, дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ташаккули механизмҳои нави татбиқи сиёсати иҷтимоии давлатӣ дар самти навсозии низоми идоракунии соҳаҳое, ки сармояи инсониро ташкил медиҳанд, институтсионализатсияи низоми истеҳсолӣ ва соҳибкории иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст.
Ба ибораи дигар, дар қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон унсурҳои алоҳидаи соҳибкории иҷтимоӣ ба назар мерасанд, аммо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар худи мафҳуми «соҳибкории иҷтимоӣ» мавҷуд нест.
Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» соҳибкории иҷтимоӣ ҳамчун фаъолияти соҳибкории аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим, ки ба дастгирии гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ, истеҳсол ё таҳвили молҳои таъиноти иҷтимоӣ, инчунин, хизматрасонии иҷтимоӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни мазкур амалӣ мегарданд, муайян шудааст.
Лоиҳаи Қонуни мазкур бевосита ба ҳалли мушкилоти соҳа нигаронида шуда, ба татбиқи сиёсати имрӯзаи соҳавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти иҷтимоӣ нигаронидашудаи сохтори давлатии мамлакатро инъикос менамояд, мувофиқат карда, барои иҷрои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мусоидат менамояд.
Пешбурди идеяи васеъ ҷорӣ намудани соҳибкории иҷтимоӣ дар модели муосири иқтисодиёти миллӣ, воқеан, як такони ҳавасмандгардонӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии умумии аҳолӣ, пур кардани бозор аз молҳо ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави инноватсионӣ дар соҳаи соҳибкории хурд ва миёна, зиёд намудани манбаи андоз ва кам кардани сарбории пардохтҳои иҷтимоӣ ба буҷети давлатӣ бо таъхири таъсири мусбати макроиқтисодӣ мегардад.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷумла, як қатор вазифаҳои иловагиро дар назар дорад, ки таъмини ҳамоҳангсозии дохилиҳуқуқии меъёрҳои қонунгузории танзимкунандаи соҳаи дастгирии соҳибкорӣ, дастгирии гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ ва ба воқеияту эҳтиёҷоти объективии ҷомеаи тоҷик мувофиқ кардани ин меъёрҳоро фарогир аст.
Дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур барои муайян намудани гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ (моддаи 8) меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, ба монанди «Қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ», «Низомномаи намунавӣ дар бораи баргузории озмун барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ», «Тартиби таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» ва «Тартиб ва ҳаҷми пешниҳод намудани хизматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ», истифода карда шудаанд.
Қонуни мазкур аввалин кӯшиши дар доираи қонунгузорӣ танзим намудани соҳибкории иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ, муайян кардани масъулияти субъектони соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ буда, ба мақоми соҳибкори иҷтимоӣ ё корхонаи иҷтимоӣ барои гирифтани кумаки иловагии молиявӣ аз давлат ё ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ шароит фароҳам меорад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» аз муқаддима, 5 боб ва 27 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии соҳибкории иҷтимоиро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар байни субъектони соҳибкории иҷтимоӣ ҳангоми амалисозии он ба миён меоянд, танзим менамояд.
Боби якум ба муқаррароти умумӣ бахшида шуда, дар он меъёрҳо доир ба мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ, мақсад ва вазифаҳои соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ, принсипҳо, намудҳо ва субъектони соҳибкории иҷтимоӣ, ҳамчунин, номгӯйи (намудҳои) гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ мустаҳкам карда шудаанд.
Боби дуюм «Танзими давлатии соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ» ном дошта, дар он сиёсати давлатӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои вазорату идораҳо ва мақомоту ташкилотҳои дигари давлатӣ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ва ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ муайян карда шудаанд.
Боби сеюм «Мақоми ҳуқуқии субъектони соҳибкории иҷтимоӣ» ном дошта, дар он масъалаҳои ба даст овардани мақоми субъекти соҳибкории иҷтимоӣ, шакли ташкилию ҳуқуқии корхонаи иҷтимоӣ, хусусиятҳои амалисозии соҳибкории иҷтимоӣ аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, талабот нисбат ба корхонаи иҷтимоӣ, хусусиятҳои амалисозии соҳибкории иҷтимоӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ, талабот нисбат ба соҳибкори иҷтимоӣ, феҳристи субъектони соҳибкории иҷтимоӣ, ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои корхонаҳои иҷтимоӣ ва соҳибкорони иҷтимоӣ, мониторинги фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ, аз даст додани мақоми корхонаи иҷтимоӣ ё соҳибкори иҷтимоӣ ва оқибатҳои он ба танзим дароварда шудаанд.
Боби чорум ба масъалаҳои дастгирии давлатии соҳибкории иҷтимоӣ бахшида шуда, дар он шаклҳои дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ нишон дода шудааст.
Боби панҷуми лоиҳа аз муқаррароти хотимавӣ иборат буда, дар он ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ гардидааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он хароҷоти иловагии буҷети давлатиро ба миён намеорад, балки барои коҳиш додани сарбории молиявии он мусоидат намуда, ба ҷорӣ намудани навовариҳо дар таҳкими иқтидори миллии муҳити соҳибкорӣ ва дар умум, ба соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамзамон, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» комилан саривақтӣ буда, бо самти муосири рушди сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии давлат алоқаманд аст, барои бартараф кардани номутавозунии иҷтимоӣ дар бозори меҳнат заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам меорад, ба таъмини муносибати одилонаи фарогир дар амалишавии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ба ин васила ба беҳбудии устувори зиндагӣ ва некуаҳволии онҳо мусоидат менамояд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» саҳми назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид буда, ба ин васила иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ташаккули симои мусбати мамлакатро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун иштирокчии фаъоли рӯзномаи рушди ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
Р. РАҶАБЗОДА,
Р. ШОҲМУРОД,
Ҷ. МУРТАЗОЗОДА,
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон