Хатлон. Беш аз 34 ҳазор довталаб ба қайд гирифта шуд

№ 15.07.2024

Дар даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 34 ҳазор довталаб ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин бора корманди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Одилов иттилоъ дод. Аз 95 ҳазор довталабе, ки барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олию миёнаи касбии кишвар ҳуҷҷат супоридаанд, 34 ҳазору 886 нафарашон аз вилояти Хатлон мебошанд ва ин гувоҳи он аст, ки шумораи довталабони вилоят нисбат ба соли гузашта 10 ҳазор нафар зиёд аст.

Номбурда афзуд, ки дар сар то сари мамлакат 45 маркази имтиҳонсупорӣ бо тамоми шароити зарурӣ фаъолият намуда, аз ин шумора 19 ададаш дар вилояти Хатлон мебошад.

- Довталабон аз рӯи панҷ гурӯҳи ихтисосҳо имтиҳон месупоранд.  Раванди имтиҳонсупорӣ бо истифода аз дурбинҳои назоратӣ мушоҳида мегардад. Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки волидайни довталабон тариқи оинаи нилгун раванди имтиҳонсупории фарзандони хешро назорат намоянд, — афзуд Ф. Одилов.

С. СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»